Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

ТАНА
Анкабути сиёҳи дунбааш монанд ба саққойи ғунда дар рӯйи оби ҷӯйбор танид: чун дорбоз дор кашид аз ҳулбӯ ба ҳулбӯ, аз коснӣ ба коснӣ; аз ҳулбӯ ба коснӣ ва аз коснӣ ба ҳулбӯ ва то буни девори назди ҷӯйбор ва симчӯби лапаровезон, ки шабҳо чароғаш фурӯзон мегашт; тор танид бо ҳазор мақом, ки шаклу сохти тана панҷараҳойи зиндону маҳбасро ёд меовард. Доме кушод фароху сайдгир – монанд ба тӯри дарвозайи майдони футбол. Худ чу сайёди моҳир дар гӯшае камин гирифт; пояш бар торҳо, баробари бархӯрдани сайде бохабар гашта, тозон аз камингоҳ барояд ва росту дурӯғ будани ба дом омадаро муайян созад. Пойи ӯ начаспад ба торҳо, бал чунон гардад, ки моҳӣ дар об ва мурғ дар ҳаво озод. Лек сайд гирифтор шавад ба тана ва часпад пойҳояш, ки барканда натавонад. Анкабут пеш ояд ва нахуст танад бар сайд; мубталову гирифтор гардонад, то ҷое, ки сайдро ёройи ҷунбидан намонад. Сипас наздик шуда нойча бар даҳони сайд гузорад ва хунаш макад. Нахуст хомӯшак гирифтор гашт, баъд пашша. Ин хуношомҳо хуни кироийе надоштанд, ки мазанги сиёҳ қонеъ нагашт; боз камин гирифт. Мазмун, ин мири тортанакҳо буд, ки дар чунин ҷойи бобарор маъво гирифт; зеро шаб то рӯз ҳама гуна пашшаву хомӯшаку парвона, чирчирак ва мӯрону гамбускони болдор аз нури чароғ баҳра бардоштанӣ шуда меомаданд ва пару болашон сӯхта, сарозер рафта, ба тана бархӯрда, сайёдро шод мегардониданд; ғукҳо ва калтакалосҳо низ пайдо шуда парсӯхтаҳойи рехта ва бар девор андармоншударо чида мехӯрданд ва тортанак аз ин сӯхтаҳо чандон рӯзӣ намегирифт, ки фардо малаху сӯзанаку гамбускони шохдор ба дом меафтанд. Ин ҷо маъвойи амир ва муфтхӯрони дигар аз ин ҷо то зери ағба қадқади об танидаанд. Баъзан мол мегузарад ё харе бабор ва танаро медаронад ё хароб мекунад. Анкабут аз нав метанад; зеро касбу ҳунараш чунин; кори дигар надорад ҷуз хунхорӣ.
Мӯрон меоянд баройи хӯрдани сарқути анкабут, вале роҳи рафт наёфта, пояшонро тана медорад ва онҳо қурбони нафс мегарданд. Сонӣ хунашон тортан мемакаду танайи хушкгашта аз тана мерезад. Амири Вақт дар кохи муаллақ ҳукм дорад ва касе ҷуръати пешрӯ гузашта ба рӯшанийи чароғ сайд карданро надорад; ба танидани тортанаки зард дар тори фалак қаноъат карда, шабҳо бароҳат хуфта рӯзон шикор кунанд ҳам кифоя.

пешина
аз 344
навбатӣ