МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
– Тавба кардам, ака! – Хаёли мазангро парешон кард Ало.
– Ту лафз надорӣ! Ягон лагер туро ислоҳ карда наметавонад!!!
Ва таранг кашид таноби абрешимийи ногусастаниро. Як донайи хурморанг ба андозайи донайи мош ғӯла гашта ба замин зад ва саққойи Ало низ ғелид ба ҷӯй. Анкабути сиёҳ туф кард бар он, ки ҳама нафрину хашму ғазабашро баровард ва баргашт ба камингоҳ. Дигар ҷондоре ҷуръат надошт пеш ояд.
Лек дере нагузашта як гамбуски шохдор ғунгзанон пуршаст омада ба тана бархӯрд ва онро сӯрох карда ба об зад. Анкабут хашм гирифт бар ӯ ва зуд васл кард даридаро. Малах омад ба дом. Пойҳойи варзидаашро ба ҷаҳидан омода мекарду зӯр мезад, ба ҷойи раҳо ёфтан болҳояш низ ба бало мепечид. Анкабути соҳибмулк дилпур малахи аз худ чандон бузургу нерӯмандро бо итминони комил торпеч мекард; ба қавли чӯпонҳо: куллук мекард, то ҷунбида натавонад. Сӯзанаку чирчирак ҳам омаданд. Оҳиста-оҳиста хуни ҳама ҷонваронро макида, ҷасадашонро дар дораш хушк кард ва монанди Тулум фарбеҳ гашт, ки дигар ҳавасу ҳавсалайи сайёдӣ намонд. «Кас оламро фурӯ барад ҳам серӣ надорад...» Аз ғозу тори абрешими хеш маснаду ҳарам сохт карнайшакл, ки бо он роҳ то лаби айвон меомад; як назар ба олам менигарист; сайдҳойи гумроҳи ба домаш омадаро медиду дилаш беҳузур мегашт, ғарорааш меомад; пасон нафрин мекард; чунон олуғдаву дилғаш гашта буд аз хӯрдаҳойи ноҷояш, ки дигар рӯйи оламро дидан намехост. Даҳони карнайро низ танид ва андаруни гӯри сохтааш монд. Инак мисли кирми абрешим бар худ метанид ва монанди ваҳмак гӯр месохт. Таниду сохт – таниду сохт ва пай набурд, ки охирин лаҳзайи умраш чун буду чун шуд?!
14.03.08.
РЕГБИ
Берун аз девори дармонгоҳу бемористони Қаряйи Боло
манзараеро дидам, ки бозийи регбиро дар ойинайи нилгун медидам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё