МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
Вале чунон бозӣ дар Тоҷикистон расм нашуда буд; аз чунин манзара дар шигифт афтодам, ки чаро касон бар чизе хам хӯрда, дар атрофашон тамошобин ғун овардаанд? Бозигарони регби як тӯби харбузашакли карчҳойи ранга доштаро бо зӯриву чолокӣ аз дасти якдигар рабуда, даву тоз ва ғалту хез карда тӯбро аз ҷон азиз ба банди дил сахт дошта, то марра мерасонанд. Чун ғалтиданд, дигаре бар ӯ бор мешавад ва қариб ҳама; тӯб зери бозигарон, ҳала-ҳала сар мешавад, то тӯбро рабоянд. Оқибат тӯб аз сари синаву миёни чатани кадоме пас меравад, онро шарик ё ҳариф рабуда метозад сӯйи марра, то ба даст афтодан... Ҳолиё гурӯҳи сари роҳ ҳамон хел ҳала-ҳала доранд, аммо ҳеҷ не, ки тӯб аз миён барояд. Касе на пасрӯ, балки рӯболо хобида ва бар сари ӯ чанде хамида, дастон ба даҳону байни дандонҳойи зеҳзадааш андохта ҷоғаш кушоданӣ, ки тангайи тилло он ҷо пинҳон карда бошад. Аммо зӯрашон намерасад. Камарчайи даҳони ӯ хунӣ, лабонаш низ.
Дар китфаш сумка овехта будааст, ки бар сари синааш гузоштаанд. Нафаре аз нишастагони «бозӣ» ба ҳушёр гаштан ё ҷоғ кушодани хобида коре надорад, балки сумка сари ангушт зада паст лағжонданӣ: «Халал нарасонед». Дигарон ҳарфи ӯро намешунаванд, амалашро пай намебаранд; зӯр зада, ё чорае ёфта дандонҳойи зиҳзада кушоданӣ, то аз миёни онҳо кафк рехта, батамом нафасашро нагардонад; зеро базӯр нафас мегирад марди беҳушу беёд. Боз ангушт зада паст мефурорад сумкаро:
«Нафасашро танг накунед». Ягон тамошобини зирак ба кори ӯ диққат надиҳад, дигар ҳама гирифтори ҳолати марди хобида, ки ҳамин замон ҷонаш мебарояд. Назари нафари роҳгузар дигаргуна: «Паси девор шифохона, дармонгоҳ; ё бардошта баред ё пизишк оваред». Аммо онҳо бо зӯрӣ даҳони ӯро дарронданӣ, ки ҷоғҳо аз ҳам ҷудо гарданд, ба худ меояд. Он, ки сумкаро монанди тӯб аз миёни танаву пойҳо бароварда ба шарик доданист, ба ин чизҳо парво надорад; маслаҳат ҳам намедиҳад. Танҳо нафаре аз нафарҳо ҳама чизро фаромӯш карда ангуштон ба даҳони ӯ дароварда натавониста, бо як даст манаҳ пахш мекунаду бо дасти дигар пешонӣ, лек муроде ҳосил намешавад: «Дарди сахт... бори нахуст ҳам нест».
Оби чашми ҳамин нафар бар рӯйи бемор рехта хуни кунҷи лабонашро ҷӯя кашида, поён мешорад; «Ин бор сахт омад, зӯри дастонам намерасад...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё