Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Худоё!» «Худоё!» гуфтани ҳамроҳи саръӣ сахт буд. Ангушти бегона ба сумка часпид, ки рафтори ӯро дида дод зад ҳамроҳ: «Мемурад-эээ!» Маълум шуд, ки бозӣ нест. Аммо бегона бозӣ пиндошта харбуза аз давра бурун оварданист. Сараш хам; рӯяшро пинҳон дошта, сари ангушт сумкайи аз сари сина поён омадаро зери шикам тела медиҳад, ки ду ваҷаб пас равад, аз миёни чатан мегузарад. Касе сумкайи аз пушт харбузавор баромадаро дидаву дониста ҳамроҳи даст бо пой ба мумфарш пахш кард, ки додаш баромад. Ношинос ба доди ӯ парво накарда, пой аз болойи сумка нагирифт ва ҳамин дам як мушти обдор ба сари ӯ бархӯрд ва худ аз худ сумка аз миён гум шуд. Ва ношиноси қоматбаландро хуб кӯфта, партофта гурехтанд ва касе надонист, ки чӣ сирру савдое буд.
Бемори саръӣ чашм кушоду даҳон ҳам ва даст ба сумка бурда, пайдо накард ва дандонҳояш аз нав зиҳ заданд. Чӣ асроре буд андар сумка? Касе намедонист...
15.03.08.

МОДАРИ КӮЧАРӮБ
Модар кӯча мерӯбад. Бо ихтиёри хеш мерӯбад кӯчаро.
Саҳаргоҳон пештар аз дигарон ҷорӯби монанд ба дастагули бар думаш чӯбдаста бастаро бардошта аз дарвоза мебарояд ва сари роҳ андак рост истода аз дил чӣ андешаҳое мегузаронад; ба чапу рости кӯчайи дарозу фарох нигариста, пиндор ҳама кунҷу дару дарвоза ва ҳама пайҷову қадами расидайи ӯро аз назар мегузаронад ва ба ҷорӯб, ки замоне асп буд писарро ва дар нӯги он латтайи сурх баста, лаҷом мегуфт; ҷорӯбро миёни ду рон чаппа гирифта, савор мегашт; бо дасти чап лаҷом дошта, бо дасти рост тозиёна мезад ва «ҳа, чу!» гӯён пойи хеш суми асп пиндошта, метохт аз ин сари кӯча то он сари кӯча.
Кучуки то сагӣ расондааш низ нағмаву ноз карда баробар медавид ба пойи ӯ. Ду ҷондори хушҳолтарини рӯйи замин буданд. Шерак чун бозӯ гирифт ва ҷорӯб бардошта ба тори ғижаки роҳ камонак кашидан омӯхт, роҳрӯб гашт. Касе ӯро напурсида ё илтимос накарда, пеши худ роҳрӯб шуд; зеро бачаҳойи бекори гузар қариб шаборӯз кӯчаро майдон пиндошта ҳаргуна бозӣ мекарданд: футбол, ланкабозӣ, буҷулбозӣ, таноббозӣ …

пешина
аз 344
навбатӣ