Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

ва гаштугузори зиёде низ буд дар ин кӯча, ки аз паси худ партобу афкандаҳойи бисёр мегузошт, ки кӯчаро нофору безебу ғашовар мегардонид. Шерак, ки табиат ва фаросати худодод дошт, ғаживу кажӣ намефоридаш.
Кӯчаро тозаву озодаву обзада дидан мехост; баччаҳойи гузарро хушҳолу боодоб… «Бачаҳо, кӯчаро ғажду ифлос нагардонед, ки меҳмон меояд. Дар кӯчайи мо одамони машҳур умр ба сар мебаранд: мисли Икромиву Улуғзода. Мешиносед-а?»
«Ҳа!» «Ана ҳамин хел; Улуғзода бисёр одами нозук: Ҳама чизро мебинанду гӯё намебинанд. Ранги Рӯдакӣ доно. Кинойи «Қисмати шоъир»-ро дидед-а?» «Ҳаааа!» «Боракалло! Боодоб бошед, бисёр хонед, шумо ҳам ранги ҳаминҳо мешавед. Ба шумо ҷавоб. Ман кӯча мерӯбам. Ҳозир райиси нависандагон Мӯъмин Қаноъат меояд. Лоиқро ҳамроҳ меорад; чунки имрӯз
20 май – зодрӯзи ҳардушон».
Модар кӯча мерӯбад; бо ҷорӯби чӯбдастабаста мерӯбад; бо ҳамон ҷорӯбе, ки замоне аспи писар буд; лигоми сурх дошт, ки хаёлан Шеракро то осмонҳо мебурд ва мисоли тайёрайи коғазӣ ё симурғи афсонавӣ сайру саёҳат медоду боз оварда нарму мулойим ва бо эҳтиёт бар кӯча мефуровард.
Дӯстонаш тозон омада гирд мегирифтанд ва ба қаҳрамониаш каф мекӯфтанд, ки Шераки онҳо кайҳоннавард шудааст. Вале ӯ фӯк сӯйи осмон намедошт, ки то Осмон рафта омад, балки ҳамчунон фурӯтан буд ва боз чун донову ҷаҳондида эшонро панду андарз мегуфт содаву кӯдакона, ки аз бузургон шунида буд: «Одам бояд кори нек бикунад; кори хуб.
Ақаллан тани худ ва ҳавливу кӯчаашро озода нигоҳ дорад».
Модар ҷорӯб мекашид ва якбора ба тирезайи хонааш нигарист, ки касе бо диққат зеҳн мемонад сӯяш. Якбора истоду он сӯ нигарист, ки писараш Шерак менигарад ба ӯ ва инак фарёд мезанад: «Кӣ гуфт, чунин кор бикунӣ, оча?! Туро гуфта будам-ку! То зиндаам, нагузорам, ки даст ба оби сард занӣ!» Вале дар дами тиреза касе набуд. Ҳамин тавр ба назараш тофт; зеро гоҳе ки Шерак кӯча мерӯфту баччаҳоро насиҳат мекард модар аз тирезайи кушода – аз паси баргҳойи дарахти тут менигарист ба ӯ ва аз Худо талаб мекард, ки тану ҷонашро беранҷ гардонад; зеро Шерак баъзан сахт азоб мекашид баъди дасташро баста бурдани милисаҳо; ки гӯйӣ духтараки дар наҳр ғарқшуда кори ӯ бошад.

пешина
аз 344
навбатӣ