МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
Бо Шерак чӣ муомила карданду чӣ гуфтанд худашон донанд, аммо баъди он писарак ба дарди саръ гирифтор шуд; гоҳ-гоҳ чизеро ёд оварда (шояд лату кӯби дар ҷисм гирифтааш бошад) як бора дардаш мегирифт ва рагони дасту пояш кашида, лабу даҳонаш каҷ мешуд ва чашмонаш пушт мерафт, кафк аз даҳонаш мерехт ва дергоҳ ҷон меканд; монанди моли магзада ҷон меканд. То ба худ омадан дасту пойи ӯро бо зӯрӣ медоштанд, то ором гардад. Ҳолиё ба назари модар Шерак аз тиреза менигарад ва ҷон кандани ӯро мебинад. Гарчӣ ҷон кандани ӯ сахттар аз ҷонкандани писар бувад, касе набинад онро; чунки дили ӯ андаруни синааш чунин ҷон меканад; дасту по мезанад; рагу пай кашида мешаванд ва кадоме аз торҳо ба чунин муборизайи шадид тоб оварда натавониста канда мегардад; монанди торе, ки баробари гусастан садояшро бод хурад. Аз паси баргҳойи тут менигарад, лек касеро намебинад; на! барги тут пеши чашми ӯро нагирад, бал як пардайи монанд ба ранги Осмон пеши чашм меояд, ки шаффоф намояду чизеро дидан нагузорад; айнан ҳамгунайи Осмон, ки пушти хеш чӣ доштану чӣ буданро дидан нагузорад.
Мамнӯъ, сахт мамнӯъ. Лоимкон... Шерак нахуст об мезад роҳи тӯлониро рӯдайи резинӣ ба ҳар ҳавлӣ дароварда ва аз ҷуммак об кашида, ки ҳамсояҳо ба кору рафтори ӯ одат карда буданд; сонӣ мерӯфт; чанге набуд. Баъд шуд чунин: баъде ки ҳамсояҳо хидматҳойи бедареғи ӯро дида моҳонахӯраш карданд; Кадоме оқсақол шуду аз дарҳо пул ҷамъ кард ва Шерак онро баройи хеш моҳона шумурд; онро ба ҷорӯбу рӯдайи об сарф кард. Аспҷорӯбро бо лаҷому зину бандаш дар таҳхона пинҳон дошт, то рӯзе қисса аз баччагиаш бикунад.Аммо модар, ки дигарон аз хоб бедор нагашта кӯча мерӯбад, хушк мерӯбад. Зеро дилёб намешавад саҳари баланд дари ҳамсояро кушода аз ҷуммаки обкаш об гирад. Андаке чанг мехезад ва ба абрӯву мижгон, торҳойи мӯйи дар ин муддат сафедгаштааш менишинад. Касе ин чизро пай намебарад ва ягон нафар ба ӯ чизе намегӯяд; зеро ҳама шиносон аз дарду алами ӯ огоҳанд ва аз чӣ рӯ чунин гирифторӣ доштанашро низ медонанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё