Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Модар ҷуз дами тиреза ба ҷое нигоҳ накарда ҷорӯб мекашад, вале садойи ҷорӯбкашийи Шеракро надорад; садойи ҷорӯбкашийи ӯ зайле буд, ки камонак ба тори ғижак лағзад; садойи хушӣ оварад ва фараҳ бахшад. Садойи ҷорӯбкашийи модар овози маъмулийи ҷорӯбу замин; сарири хомайи адиберо монад, ки дар хомӯшийи мутлақи дили шаб танҳо худаш шунавад: «хиш!
хиш! хиш!» Монанд ба чунин хитобаҳо дар ҷойи рӯфта ду нуқта нам тобад, ки аз рӯбанда боқӣ мемонад; аз ин гӯша то он гӯшайи кӯча чак-чакон рехта мераванд қатраҳо, ки аз сатили сӯрох мечакида бошанд; худи ӯ донад, ки аз дили сӯрох, аз ҷигари сӯрох чаканд ин қатраҳо. Баъд лабони модар паридаву ҷунбида ва нойи биниаш фарох гашта, забонаш ба гуфтор ояд: «Ту зиндайӣ, писарам... Нигар чӣ тозаву озода кӯчаат...» Ва сари пой нишинад, ки аз рӯфтани дунёйи пурғубор хаста гашта бошад; ба ҷорӯби аз пули моҳона харидайи писар такя зада менишинад ва боқийи ашкро дар сари остин мерезад; зеро ӯ остинро зери чашм дошта мегиряд.
Ин дам садойи сойиш хӯрда кушода шудани кадом дарвозае мебарояд ва аробаҳойи нонкашони гузар нон сӯйи бозор мебаранд. Модар ба по шуда давоми роҳро мерӯбад; то ҷое ки Шеракро дард часпида, сараш каловида якпаҳлӯ афтида буд ва чаккайи росташ ба теғайи марзайи бетонийи роҳ бархӯрда, раги хунгард бурида шуд ва ҳеҷ кас натавонист фавворайи он хуни тезро боздорад. Танҳо Полвон фӯк сӯйи Осмон дошта зуза мекашид; гӯянд: «Нола ба даргоҳ мекард». Ва чиҳил рӯз чунон нола кард, сонӣ ғайб зад... Модар то ин ҷо расида ист мекунад ва баргашта аз ҳавлӣ як сатил об меорад ва бори дигар хуни рӯйи роҳ рехтаро мешӯяд; ҳар пагоҳ такрор мекунад чунин, то рӯҳи писар шод бошад: «Чаро Худо маро нагирифту туро гирифт: Туйи аз ин дунё чизе надидаро?... Рост будааст: Худованд нахуст дӯстдоштаашро мегирифтааст, то ӯ ба дарёйи гуноҳ нағӯтад...»
12.04.08.

пешина
аз 344
навбатӣ