МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
ДУШМАН
Як камон намерасад... Камон мешуд, медонистам бо ин душмани луссаки муфтхор чӣ кор карданамро: дар чашмаш мезадам ё дар сари синааш. Дареғ, ки нарасид маро камон. Ба дигарон расид; ба он тамаллуқкорони одамкуш, хунхор, хонумонсӯзу бачадузд, аммо ба ман нарасид; ба мани содайи дилсӯз, наход одам касро кушад, нарасид; ба ман, ки хешро ҳимоя кардан мехоҳаму душманро чашми дидан надорам, касе нагуфт, ки ин туфангро бигир, рӯзе ба кор меояд. Туфанги зангхӯрдайи таги обу хок монда бошад ҳам розӣ будам; ҳамон туфангҳойи дар ғору камар ё гурбадави хонаҳо пинҳон карда бошад ҳам мешавад; душманро тарсонад ё кушад, мешавад... Лекин... Рост, ҳама медонанд, ки ман тир парронда наметавонам; чунки бояд ҳарду чашмро пӯшам гоҳи тир парронидан ё бо ду чашми кушода кулангро пахш кунам, ки аз гуфтайи мерганҳо «бо ду чашми кушод тир рост ба ҳадаф намерасад». Газоф мегӯям: пулемёт ё автомати Калашников диҳанд ҳам парронида наметавонам. Метарсам аз садояш; боз метарсам, ки ба чашми кадоме назанад. Таваккал ба Худо, камон ёбам, ин душманро бе ҳеҷ дудилагӣ мезанам; аз чашмаш мезанам, ё аз дилаш, ки оҳ накашида, пеши поям афтода, пой дароз бикунад. Гоҳи ҷон канданаш чашмонамро калон мекушоям, пештар гардан ёзида: «Ҳамин қадар ҷон доштайиву касро рӯз намедиҳӣ!» мегӯям. Илоҳӣ чунин рӯз фаро расаду бинам. Мурдайи душманро дидан чӣ лаззате дошта бошад?
ба хусус мурдайи чунин душман, ки ризқи бачаҳо аз даҳонашон мерабояд. Ҳа сарғалтон равӣ, номусулмон!
Оқибат хунат мерезад-куя... мерезад. дертар бошад ҳам мерезад. Ба чашмам бинам, армонам мешиканад. Тавбааа... Чӣ шудааст ба ман? Девона-ку нашудаам? Мане, ки дар умрам сӯйи кас оташ накушодаам, душман бошад ҳам ба нишон наовардаам; хун рехтан ҳам мувофиқи дилу ниятам нест, якбора нияти камондорӣ, тирпарронӣ ва хунрезӣ кардам; ё аз по зада аз сар, ки гузашт, кас бераҳму шафқат мешудааст. Ва ё ангур аз ангур ранг мегирад; чунки зиёд дидем, бисёр шунидем; мегӯйӣ ба хунамон ин хӯ на ба шир, балки бо тир ҷой карданд; куштору хунрезӣ омӯхтанд ва омӯхтанд, ки накушӣ, кушанд; ҳеҷ не, ғорату тарака кунанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё