Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Гӯям ҳам бовар намекунед, ки чӣ миқдор пешниҳоду хоҳиш буд: «Бо мо биё»...
«Гуруснанишинӣ мекунем... Тирпарронӣ меомӯзӣ! Одам мекушӣ! Хун мерезӣ! Одат мекунӣ! Хуморӣ мешавӣ...» Ҳоло аз хуморӣ ҳам зиёд, ки чунин душмани рӯйинатанро бикушам, илоҷе надорам. Аслиҳа низ. На! Имкон надорад; зеро онҳо ҷоҳу ҷалол мехостанд, сари қудрат омаданӣ буданд, чун манеро қурбон кардан мехостанд; ҳазорон чун манеро. Чун муҳити зист, тарбият, буду шудам одамона буд, нахостам чунин кори нопокро. Ҳолиё пай бурдам, ки ситам ба хеш кардаам. Валек пушаймон нестам. Ҳазор азобу ранҷ кашам ҳам беимону бевиҷдон нашудам. Ӯ бародари ҳамхун бошад ҳам гӯш ба ҳарфаш надодам. Тир ба поям заду «Бардошт бикун, хунатро меошомам!» гуфту рафт ба ҷанги нобаробару эъломнагашта... Барнагашт. Ҷарроҳон аз зону бурриданд пойи ростамро дар чунон замони даҳшатзо... Кору борам хонашинӣ...
Зиёд мехоҳам, ки тиру камон дошта бошам. Ин душмани батар аз бародарро парронам. Гарчӣ ташна ба хунам буд, дилам сӯхт ба марги муфоҷоташ; гӯё ёронаш куштаанд аз пояш овехта «Бо бародари хуниат чӣ кардӣ, ки бо мо бикунӣ?!»
гӯён. Медонистам, ки чунин овард баройи нангу номус набуд; аз бесоҳибӣ ҳар камондор соҳиби ҷоҳу ҷалол ва молу мулк шудан мехост. Баройи ҳифзу ҳимояйи Ватан ҳам набуд чунин пархош, баракс месӯхтанд бому бунро. Дониста ё аз нодонӣ ва ё ба иғвое ҷанг карданд онҳо; куштору хунхорӣ сар шуд ва «Хуношом» ном бардоштанд. Фаҳмида фаҳмид, нафаҳмида нафаҳмид, ки ҷанг ба чӣ хотир рух дод. Фарҷоми ҷанг аз ҷайби куштаҳо «Рӯзнома»-ҳо пайдо шуданд ва ҳама буғзу кинаву адоват ва бадбиниву бадхоҳийи якдигар рӯшод гашт; аён шуд, ки ду камондор дар як майдон якдигарро то чӣ андоза чашми дидан надоштаанд.; чӣ роҳи макру фиреб меҷустаанд, то пешдастӣ карда, «довталаб»-ро нобуд созанд. Аз «Ёддоштҳо» хондам ҳамаро: макру ҳилаву найранг, морбозиву рӯбоҳиву чоплусиро. Ба ҳеҷ чиз на, ба дунёйи дун на, ба офатҳойи табииву фармудайи Худованд на, ба даррандаву мору ғунда на... одамро нафрин фармудам; шоҳи ҳайвонҳоро, ки ӯ созад ҳамаро; ҳама ҳамаро – олоти кушторро, шоҳу паямбарро.

пешина
аз 344
навбатӣ