Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Одам офаридгори бад – офаридгори ҳама бадиҳо, ки Иблис ном дорад. Ва мо аз ӯ некӣ умед дорем – аз Иблис; адолат мехоҳем, саховат металабем.Сонӣ кӯҳи Мино рафта ӯро санг меандозем. «Туфу бар ту, эй чархи гардун, туфу!!!»
На! Ба Инсон – Иблис туфу! Ӯ месозад ҳамаро; ӯ бикушад ҳамаро: ҳайвонро сайд бикунаду бикушаду бихурад... билохира худашро. Бузургтарин дарранда ӯст; ҳайвонтарин қотил низ ӯст! Ман монандам ба ӯ. Душмани ашаддии рӯ ба рӯямро сарнагун кардан хоҳам, лек камон надорам. Нагирифтам гоҳи тақсимот, нахаридам гоҳе ки дар фурӯш буд. Чунин душмани зираку чолок ва муфтхӯру дуздро ҷуз аз камингоҳ истода паррондан роҳи дигаре нест. Бояд ба пешонӣ ё сари дилаш тир зад, то наҷунбад; ба ҳамон сари синайи дамидааш, ки аз кибру ғурур ва дами оташин хун дар чашмаш меҷӯшад. Сухан, таҳдид, дашному нафрин, сангандозиву чӯбу оҳанзанӣ писанд нест; намешунавад. Ҳазор бор ронӣ, ҳазор бор парронӣ, боз меояд. Худованд ҳеҷ касро бо чунин душмани дузд рӯ ба рӯ нагардонад; ин дузд батар аз он дуздҳое, ки ҳам кушанду ҳам баранд. Зеро ӯ ризқу рӯзийи бачаҳоро мебарад дар замони ҷанг. Бенанг! Тир андозӣ, писанд намекунад. Як меҷаҳаду боз меояд. Масхара мекунад касро. Не-не, маёред, ман камондор шуданӣ нестам; он камони дӯсткуши шуморо намехарам! Гуфтам: «Ман камон парронда наметавонам, нишон гирифта ҳам наметавонам; зеро гоҳи кулангро пахш кардан ҳарду чашмро мепӯшам, тири каҷ ба ягон дӯст мерасад...
онгоҳ ман бояд худкушӣ бикунам... Азм кардам, ки камондор нагардам, то тирам ба дӯсте нарасад, ҳамон нодӯстро ҳам куштанӣ нестам; шояд рӯзе дӯст гардад... Лекин аз рафтораш бармеояд, ки ҳеҷ гоҳ дӯст намешавад. Дар бисотам чизе намонд; хӯрду бурд ҳамаро. Ноинсофи рӯйинатан чунон берӯ, ки «кишк!» нагӯйӣ чашматро канда мегирад. Аз ҳад гузаронд.
Напарронӣ, намешавад. Валек ман тир парронида наметавонам. Бигузор чунин бошад! То оташи ҷанг фурӯзон нагардад!
Лекин ин дузди аз кадом кишвари дур омада инсоф надорад; тути нав бачахӯрак шударо нӯл зада мехураду мебарад. Хайр, бачаҳо тут нахӯрданд нахӯрданд-дия! ёздаҳ моҳ бе тут зиндагӣ карданд, як моҳи дигар ҳам шояд тоқат карда тавонанд.

пешина
аз 344
навбатӣ