Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Лекин ба шохи дарахт нигариста нағмаҳойи майнайи зарднӯлро дида «Калон шавем, мо ин душмани ишкамро ҳамту намемонем!» мегӯянд...
30.4.08.

ШОҲМОТИ УСТОД
Шоҳмоти Устодро бояд дуздид. Табаррукӣ... Чунки Устод дар чунин майдони набард ҳеҷ гоҳ ҷангро набохтаанд. Ҳама умр пирӯз будаанд; зеро эшон дар умри миёнаашон ҳама майдонҳойи набарди оламро дида чунон натиҷа бардошта буданд, ки кас осема набошад ва ҳама усулҳойи кордориву коргузорийи ҷаҳониро риоя бикунад, дӯсту душманро аз наздик дида фарқ карда тавонад, роҳи корро донад, ҳеҷ чиз бой намедиҳад; зеро афсару лашкару аспу пилу рух ва шоҳу вазирро дар ҷойи худ гузоштан ҳунар бувад. Пиёда, ман шоҳ мешавам, гуфта, бо сари сина замин чок карда, ба маснади подшоҳ ҳуҷум оварад, ба пояйи тахт нарасида, сари хеш бихурад. Охир даргоҳи шоҳ бесоҳиб нест! Ҳарчанд, ки вазир ба шоҳ роҳ намедиҳад, пиёдайи бегонаро намегузорад, соҳиби мулки ӯ гардад, лекин пиёдаҳойи зӯру ҳилагар ҳам мешаванд, ки аспвор мегарданд чапғалат зада. Худо паноҳ диҳад аз чунин мансабхоҳу ҷоҳталаб... Вале сипоҳу аспони лашкари Устод чунин набуданд; худашон андак таъхир мекарданд: дасташон мисли панҷайи кушодаи уқоб рӯйи майдон давр мегашт; сонӣ он панҷайи тавоно афсар ё сипоҳеро, баъзан вазирро мебардошту боз руйи корзор ба сони қартайи патифон гирд мегашт: яке аз ҷанговаронро шараққӣ зада мегирифту худаш ҳам мемурд, ё устод сипоҳи бардоштаро боз ба ҷояш гузошта фикр мекард. «Бозӣ ин хел намешавад...»
гуфтанист, вале гуфта наметавонад. Чунки имкон надорад – Устод ниҳоят нозукмиҷоз, нозгунҷи ҳама хурду бузург буданд; бовар ҳам доштанд, ки ҳариф фарзин ё руху аспу фили он касро зада гирифта наметавонад; зеро зӯраш намерасад; баъзе ҳарифон бинанд ҳам, задан имкон дошта бошад ҳам намезананд; одоби шарқӣ гуфтанӣ чиз ҳаст. Баъзан ба хадуки Устод расида, ягон ҷонварро ҳариф ба сони чанголи худашон аз корзор бардорад «Э, истед-истед, ин чӣ хел буд?»

пешина
аз 344
навбатӣ