Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

– Ин хел ният дошта бошед, ҳамрангаш ҳаст.
– Ҳамрангаш намешавад. Аслаш лозим...
– Аслаш ҳам ҳаст!
– Ҳамон аслаш, ки нақши дасти Устод боқӣ бошад.
– Ҳаст!!!
4.05.08.

ЯК ЧИКА БОРОН
Худо як чика борон надод, ки замин тар шавад. Зарфҳоро зери тарнову саҳни ҳавлӣ гузошта оби борон гирифта дегу табақро шӯем. Аз рӯзе, ки қубурҳо пур аз кирму чирм, хазону хокрӯба гаштаанд, аз ҷуммаки қубур як қатра об намечакад. Зор монад ҳамин зиндагӣ. Руд ҳама чирку чарби қадобаро рӯфтаву шуста меорад ва якрост ба хонайи мо тела медиҳад; такшину тоза накарда; гӯё ба даҳон меандозӣ, якрост нишеб шуда меравад. Чой дам мекунӣ, бӯйи ҳафт хар мекунад. Ҳазор гулу гиёҳ ба чой ҳамроҳ карда мехӯрӣ, маззааш бӯйи заки девлох. Аз ин рӯ зарфҳо зери борон мегузорем. Фатво ҳам шуд, оби боронро хӯрдан раво нест. Зимистон, ки сахт омаду ҳама қубурҳо як бастанд ва кафиданд, замини зарангро низ канда дуруст карда намешуд, барфро об карда истифода кардем, онро ҳам ҳаром буроварданд; ҳол он ки барф ба замин нарасида буд; аз сари девору тори бом гирифтем; зарфҳойи зери барф монда ба замин часпида, ях баста, канда нашуданд, лекин дастаҳояшон шикастанд; зарфҳойи пласмасӣ чун шиша аз оби ҷӯш гоҳи сармо порапора шуданд. Бо вуҷуди ифлосиву бӯйи баду маззае ногувор доштанаш мардум розӣ, ки оби қубур биёяд. Валек об аз ношукрийи мардум қаҳр кардааст, ки боз ба руд меравад.
Ҳафтае як ё ду бор усто меорем, пафу пуф мекунад; насоси мошин мезанад; сим андохта, хала-хала мекунад; об меояд, пишакшӯ мекунем ҳама чизро ва усто пушт гардонд ё на, боз муқаттар мегардад; ба ҳамин ҳам шукр; зеро ба нон ношукрӣ карда, зор ба нонреза шудем. Ба ҷуммаки қубур бӯтал монда қатра-қатра ҷамъ мекунем, пур шавад ё на? Хидматгузорони вазорати Об бетаъхир пул гуфта меоянд, пули оби солонаро, ки ҳоло нахӯрдаем, талаб мекунанд. Ана мағали занҳо сар мешавад...

пешина
аз 344
навбатӣ