Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Лекин аз водоканал усто даъват бикунӣ, шири шутур мехуранд. Обхӯрийи мо дилбазан шудааст; гурезон гаштаанд. Номи маҳаллайи Шарафро шунаванд, ба мураххасӣ мераванд. Маҷбур мешавем, ки ба устоҳойи кӯчаву бозор рӯ оварем, ки асбобу ускуна надоранд; ҳама вақт кайфашон баланд, аз таҷрибайи кор нақл мекунанд:
«Дар ин об ҳама чиз ҳаст; ҳар чизе ки дар қадоба ҳаст, ҳамроҳ шуда меояд, шаҳриёни ба маёфка рафта ҳам ҳар чизи бо худ бурдаашонро «вазифаашро адо кард» гӯён ба об меандозанд; сонӣ ҳама он чизҳо хона ба хона тақсим мешавад.
Кори мо ҳамин, Ошно. ҳазору як бурду балоро мебинӣ. Ин пӯсти бодирингу харбузаву тарбузро мегӯйиву гулу сабзаро, хайр инҳо бо мурури замон мепӯсанду об шуда гузар медиҳанд ба об, лекин Худо паноҳ аз чизҳойи резинӣ диҳад, салафану клёнкаву турсиву синабандак... Ҳайрон мемонад одам; чунки ҳама чиз баробари об меояд; сел ҳама чизро пешандоз карда меорад; гӯё медонад, ки дар шаҳр танбал бисёр, ҳама чизро ба хонааш бояд бурд... Ана худатон бинед, ҳамаашро кушодем, як чика об намеояд. Маълум, ки ҳама чиз ҳаст; монанди тугуни ҷодугар: нохун, мӯйи сагу пишак ва боз ким чӣ хел мӯйҳойи дигар; риштайи ҳазоргиреҳ дандони хук ё гург; лату лут, сӯзану сӯзанак... Қубуратон ҷоду кардагӣ барин, Ошно». «Кадом ҳамсоя аз водоканал, ошно доштааст, оварда компрессор задааст, Шояд ҳама чирку ифлосиҳо тамма шуда бошад?» «Инаш ҳам мумкин, Ошно, лекин чизе ҳаст, ки дар нӯги сим ғиж-ғиж мекунад; устухон бошад, дандон бошад? Мо компрессор надорем. Пули зиёд лозим, ки онро фармуда биёред... Замона ҳамин хел шудааст, ки дунё дар рӯйи пул меистад...» «Гапатон рост: ҳамсояйи навамон, ки пулаш бисёр, устокобиву пулҷамъкунӣ ба дилаш зада, қубуру кафан-пафани аз сармо ҳимоятгар оварда, дар як рӯз аз раги марказӣ ҷудогона об гузаронд, бемалол мегардад; мо ҳоло ҳам дар замони коллективизатсия зиндагӣ мекунем; яке ба умеди дигаре, ки ӯ сомон бикунад ин корро…» «Шаб телевизор тамошо кардед, Ошно?» «Не! Параболический «Олами ҳайвон» ном канале дорад. Ман дойим ҳамонро тамошо мекунам...» Усто дар қубур чизе пайдо кард, ки дер хомӯш монд; баъд дастонаш ҳам аз кор монд.

пешина
аз 344
навбатӣ