Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Гумон кардам об омад ва ҳолиё фаввора мезанад ва Усто аз ҳамин чиз хавф бурда даст барнамегирад, ки саҳнро об пур мекунад; зеро саҳни танг обгурез надорад. Вале ӯ гардан тофта аз паст ба боло ба рӯям нигарист: «Ҳайвонҳоро тамошо мекунед?» «Бале, ҳайвонҳоро...» «Чӣ, одамон ба дилатон задаанд?» «Ба назарам чизе ёфтед аз қубур: ё ҳалқайи тилло ё ангуштарийи заррин...» инони суханро ба дигар сӯ тофтанӣ шудам. «Моҳийи тилло» гуфт кинояомез. Хомӯш мондам, ки Усто пурдида ва андарунаш пур аз ҳасрат: «Ман номзади илми техникӣ, Ошно. Замона дигар гашту ман дигар гаштам». Ва боз хомӯш гашт, маро низ ба хомӯшӣ даъват кард, лек даст аз сӯрохийи қубур намебардошт: «Ана об!» ман ба чоҳе, ки мурватхонайи обтоб дошт, нигаристам. Ӯ ба рӯйи ман нигарист ва аз чашмаш об мешорид. Чунин оби софу покиза дар ягон чашмаву сарчашма набуд. «Ташаккур, Усто!
Об лозим не. Ҳамин оби ифлоси ҳаром хоҳ бошад, хоҳ не...»
Усто сухани маро намешунид ва якзайл каф ба даҳони қубур медошт. «Усто Усто! Ба шумо чӣ шуд?!» «Натарсед, маро бало намезанад, Ошно... Ҳамин хел як дард пайдо шудааст, баъзан-баъзан мегирад... Бедаво метобад». «Шумо чунин андешаҳоро ба сар роҳ надиҳед, Усто». «Дар сар не, Ошно дар хунам ҷо шудаанд чунин андешаҳо; бо ҷон бояд барояд... Лекин ман аз як чиз метарсам: мабод, ки фоҷиъайи Гулсум ба сарам ояд; ӯ ба дарёфти донае гандум хафоли муш кофта, ба гӯри кандааш пасрӯ афтида мурда буд... Тарсам аз он ки рӯзе дастам ба мурбати об, сарам ба чоҳ равад». «Ин қадар ноумед гаштаед, Усто? Лозим бошад пизишкони хуб ҳастанд, наздашон мебарам...» «Гуфтам-ку, дарди бедаво...
Ҳоҷат ба ташвишу оворагӣ нест, Ошно». «Донед, ки аз чист?» «Мани дилтанг ба ҳар чиз ғам мехӯрам: чароғ мурад ҳам ғам мехурам, мотороллер дуду бод карда, садояш гӯши фалакро кар сохта аз дари ҳавлӣ гузарад ҳам, баччаҳойи беодоби гузар якдигарро очакорӣ дашном диҳанд ҳам ва ғайбату сарзаниши ноҷойи касон хунамро ба ҷӯш меорад ва... намедонам худро чигуна ором гардонам. Оби офтоба тори оташ ҷӯшидан гирад, оқибат хушк мегардад ва офтоба ё мекафад ё сӯрох мегардад...

пешина
аз 344
навбатӣ