Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Ман ҷӯши хунамро бо чунин даст ба сардоб доштанҳо ором мегардонам. Гумонам, алҳол хубтар аз оби сард давое нест; лек эҳсос мекунам, ки сардӣ кора дорад ба ҷонам.. Сипосгузор, Ошно, пизишкони хуб зиёд; панду тавсияаашон бисёр; ҳамин шаб тариқи телевизор панду андарз гуфтанд: «Обро наҷӯшонда нахӯред; илоҷаш бошад се бор ҷӯшонда, такшон карда, сонӣ хӯред!» Дар чунин замони бегазиву бебарқиву беҳезумӣ тавсияйи онҳоро гӯш кунед; духтурҳойи меҳрубон аз осмон афтидаанд. Баройи ҳамин гапи онҳо қонун; зеро саломатийи мо дар дасти онҳо: «Худоё Худовандо, гирифтор макун!» Ҳоло мебинед, рӯзе мерасад, ки «Нон нахӯред! Нон ба саломатийи инсон зиён дорад!» мегӯянд; бовар дорам, ки мегӯянд; чунки ҳамаашро гуфтанд: «шалғам ба саломатийи одам фойида дорад» гуфтанд, шалғам қимат шуд; «Сиёҳалаф даруна тоза мекунад!» гуфтанд, нархи чакка ба нархи гӯшт баробар гашт, яъне, замоне ба ин нарх даҳ кило гӯшт мегирифтед; кор то ҷое расид, ки сиёҳалаф дар бозорҳо рангзард гашт; пеши гов андохтанд, нахӯрд. Ҳамин хел бояд шавад, вагарна нардбон монда то назди Худо равӣ ҳам нафақапулиат ба як кило гӯшт намерасад... Одамон бояд роҳи зиндагийи хешро пайдо бикунанд, на савдогар ба онҳо роҳ намояд; чунки кас бояд истеҳсол карда бихурад; вагарна тоҷирон аз Чин на моли чинӣ, балки моли Гурумчиву ҳошияҳойи домани Чинро меоранд; чунин молҳо дар он ҷо арзону дар мо қимат. Либосашро як об мешӯйӣ ё на; бомпӯшаш то офтоб баромадан ё як жола боридан. Партовгоҳҳо ҷойи сӯзанзанӣ надоранд; зеро мо мисли чиниҳо аз партов чиз сохтанро наомӯхтаем. Сабил монад танбалӣ: дар пойгаҳ ҷойи аввал гирифтаро эълон мекунанду вопасин каси дар нимароҳ афтидаро на...»
– Усто, чунин чизҳо чӣ зарурате дорад, ки Шумо дилатонро ғамхона бикунед?
Усто аз чизе ҳаросида якбора даст аз сӯрохийи даҳони қубур гирифт ва об фаввора зада аз қади ростойи ман боло шуда ва баргашта ба сари ӯ мерехт. Вале ӯ намеҷунбид. Сангчае ба андозайи ғӯлунг бар сараш бархӯрда, рӯйи замин парид. Гумон кардам ӯ надид, аммо сараш андаке ҷунбида аз паси пардайи об, ки аз сараш мешорид чашм дӯхта, дасти тар дароз кард ва онро баргирифта миёни ангуштон сойид.

пешина
аз 344
навбатӣ