МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
Китф дарҳам кашид. Тааҷҷубаш аз чӣ буд, надонистам. Ҳарчанд «Усто-усто!» гуфта ӯро аз зери об бароварданӣ мешудам, эътиборе намедод. Лек медидам, ки сангча зери ангуштон мефишорад. Пасон аз зери пардайи об як садойи нимҷон ба гӯшам расид: «Ҳар хелашро дида будам; ҳамаашро гуфтам ба шумо – об чиҳо меорад, гуфтам. Аммо надида будам, ки сангро ҳам меорад. Инро бигиред, ошно. дар қатори доштаҳоятон дар «Осорхонаатон» мегузоред... ва ҳатман қиссайи оби «тоза»-ро зернавис бикунед..»
7.05.08.
БАЛО ЗАНАД
Бало занад... Ҷин занад! Дарди сарам кам буд, ки ту сарборӣ шудӣ. Аз Осмон фуромада ноз мекунӣ. Нозбардоратро ёфтӣ. Нози болонишинҳо зиёд; ҳатто нозашон ҳама андешаҳоро мекушад. Монойи рафтори ту. Кош кам бошад!
ҳабо, зарра, қатра, гарду ғубор ҳам чиз ё мавзӯъ нависандаро, лекин ин килки рангаро гоҳи авҷи илҳом хунаш мегурезад; бадал ба ҳаво мегардад, нависад ҳам чашм намебинад.
Рах ё пайи неши қалам монад, ки базӯр ба чашм расад, аммо хонда нашавад. Обшустаҳойи Чилдухтаронро монад: ҳазор зеҳн монда нигарӣ, чизе дарнаёбӣ. Танҳо баъди илмӣ омӯхтану китоб-китоб маънидод кардан мефаҳмӣ, ки чӣ маънӣ доштаанд он рахҳо... Бало занад! Моли чинӣ нашуда, зери хок бишав. Фломастираш батар аз қаламаш, хомааш батар аз ручкааш... хулоса ҳама чизаш батар аз ночизаш.
Фломастир харидам, ки чун оби особи хомӯш дар гармову сармо мерезад, кадоме усма пиндошта ба абрӯ кашидааст, ки ба як абрӯ расидаасту дигараш хушк мондааст монойи абрӯйи ширинкори сирк. Айб дар он ки харидори чунин рангҳо беҳисоб: фақат чашму абрӯ бошад, дарди бахайр, ба ҳама узвашон мемоланд; ранги камони Ҳасан-Ҳусейн мегардад тану сару рӯй ва нохунашон. Хаёлашон ки тану рӯяшон ба сони замини лолахасаку лолаарӯсак бошад. Бачаҳо низ дарёфтаанд чунинонро – сифати молҳойи хориҷиро: «пойафзораш аз картону куртааш аз газет» мегӯянд; нам расад, медаррад мисли ҳасибу сосискаҳойи дар равғани тоба гузошта, ки фассӣ газаш барояду клиёнкааш чандир бандад; рӯйи таранги духтаронааш чунон чину ожанг мегирад, ки рону хартуми фил ба он андоза дилгир нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё