МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
Дилгиртар аз сармойи зимистони имсола. Қасд кардагӣ барин обҳо ях бастанд; барқ нашуд; офтоб рух нанамуд; ҳаво тира гашт; замину замон яхистон шуд; даст ба дастайи дар мечаспид; ранги ручка сахт шуд чу ях; ба ҳаври даҳон об накушод, баракс ҳавр бар ручка ях баст. Сонӣ ручка хӯ гирифт; дар гармо низ ранг надод. То нашканӣ ё зери чархи оташароба нагузорӣ, ранг намедод. Танҳо ручка на, то каллайи хӯҷайинҳоро нашиканӣ дастмузд намедоданд; чунки мағзи сар ях баста, ҳисобу китобро гум карда буданд. Замоне шуд, ки илми найранг пешдав, вале илми инсофу одоб танбал гашт. Сонӣ аз маърӯзайи ҳисоботийи Вазири Барқ аён гашт, ки айб на дар барқу оташ, балки дар коғаз будааст; коғазҳойи кимиёвӣ бароварда будаанд, ки монанди одами сохтаашон рангро қабул намекунад, ҳатто обро; дар оби ҷӯш андозӣ ҳам нам намекашад. Ҷони сухан дар ҳамин: ручка ях бастааст; коғаз сухан напазирад ва ҳар сухане аз осмон ба дунболи қалам ояд, аз гӯши рост даромада, аз гӯши чап баромада равад чун мурғони роҳгузар, ки боре бинӣ боз ҳавас бикунӣ. Мурғону турнаҳойи роҳгузар ресмон кашида раванд ва маро хаёл барад: «Бозгарданд ё на?» Чунки Худованд як бор фиристад суханро. Доштӣ, доштӣ, надоштӣ, гила аз худат; дубора ҳазор фикр бикунӣ ҳам ба ёд наояд. Ҳолиё ҳамин ду чизро Худованд гирифтааст; қаламу коғазро. Ба сахт пахш кардану дар мағзи дил ҷой додан ҳам ранг надиҳад қалам. Айби худро пинҳон дошта, ба гардани қалами аршӣ бор кунем айбро:
«Қалами бахил». Худованд ваҳй мефиристад, қалам хиёнат мекунад; чун гови порагӣ шир намефарорад; пора бояд бидод; ё монанди ҳокимон бошад, ки то нагиранд, надиҳанд; ҳатто оби ҷӯйро, санги кӯҳро. «Даст дастро шӯяд, ошно!»
Вале ба қалам чӣ шудааст, надонам. Замоне пеш худ аз худ ранг медод, ҳатто пешкисаҳоро рангин мекард; ба назар он замон ранг дошту ҳолиё обранг. Аламам на аз он, ки ин қаламҳойи бизнесӣ ранг надиҳанду коғазҳойи кимиёвӣ ранг қабул накунанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё