МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
На! алам аз он ки чӣ қадар фикру андеша чун ҷавонони зӯран ё бо найранг ба овардгоҳ кашида ҷавонмарг гарданд; чӣ миқдор тифлон рӯшанӣ надида, дар батни модарон нобуд гарданд... Аз бебарқӣ компутери мушкилосон миҷаву чашмак ҳам намезанад, ки қайд бикунам.
Замин – сахт, Осмон – баланд. Байту ғазали компутер ҳам зиёд, ҷин занад: агар танҳо аз барқ вобаста буд, генератор мехаридам. О не, намешавад; бензин ҳам ях бастааст дар чунин сармойи Яхбандийи Шимол. Аз барқмуриву барқкушиву зиёд шудани монтёрҳо ё пулдорону говзӯрҳо ҳар лаҳза компутер чашмак мезанад ва меҳнати кардаат барабас меравад. Сонӣ, дар ин Дунё ҷондори бедушман нест:
бахилҳое ҳастанд, ки махсус майна об карда бар зидди компутери сохтайи Фулонӣ «вирус» мебароранд. Ана дар ҳамин лаҳза бартарийи ҳайвон ҳувайдо мегардад аз тинати инсон.
Умуман дар борайи Одам сухан гуфтан ҳайф; зеро аз номи Худо сухан гӯяду фармудайи Ӯро ба ҷо наорад. Хулоса, компутери бебарқ – сандуқи холӣ. Нависандайи беқалам – ҳайкал... Дилам ба ғӯрамаргон сӯзад.
9.05.08.
РОМИШГАРИ ХУНХОР
Шуморо дурӯғ, Худоро рост, безор шудам аз чунин ҳофиз.
Чунин оҳангу сурудҳойи гӯшхарошу дилбазанро дӯст надорам; сахт бад бинам. То кай ойинайи ҷаҳоннаморо зада шиканӣ? Он қадар яксозу якнавоз, гӯшу майна хурад; ҷон бикунад сӯҳон. Ромишгари бадкорро нест кунам гуфта ба ойина мезанам; мешиканад. Сазойи сарам: навашро бихар. Боз ҳамон хушхон дар ойинайи рӯшан часпида. Ғашам меояд. Ин қадар ҳам набудгист-дия. Дигаронро бояд навбат дод. Бе дойираву думбак хонанд ҳам, форам мехонанд. Лекин ин касро оҳанг дар неши забон: «Ғинг-ғинг». Сухан аз оҳангу сурудҳойи бемаънийи инзамона нест, эстарадӣ ном дорад. Ин як оҳанги қадимайи баробари Дунё пайдошуда, ки дар ҳама гӯшаҳои олам навохта мешавад; садойи якранг дорад; ҳама гӯши шунид надоранд, вале аз барнома берун гузошта натавонанд; на вазири Фарҳанг, на мудири қасри фарҳанг ва на худи навозанда.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё