МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
Оҳанги оламгир. Ягон чиз шунавандаро хушоянд набувад чун он; борони шикоят борад ҳам ин оҳанг тар нагардад. То замоне ки яхбандӣ нашавад саҳнаро тарк накунад. Чун яхбандӣ оғоз ёфт ба кишварҳойи гарм тозад; чунки тайёра тайёр. Ғинг раваду ғинг ояд. Ромишгари ғижжакнавоз гӯйӣ, аккордионнавоз гӯйӣ, зилла гӯйӣ, зиллайи сари нависандайи азияткашида гӯйӣ, бигӯй. Ҳунару истеъдоди худодод; нозгунҷи ҳар хонадон; меҳмони нохондайи ҳар кас; аз дар занӣ, аз бом биёяд, аз тиреза дарояд; ба навохтани оҳанги дерсола. Валек касеро нафорад он оҳанг, ки таҳдиди кадом хунхорро ёд орад. Безор гаштаанд. Аммо худи ӯро чунон хубу хушу писанд, ки нанавозад, аз он хонадон гурусна, бемадор, беҳангу оҳанг баргардад ва дубора даромада натавонад; зеро баъди консерти ӯ мардум ҳама дару тирезаҳоро барбанданд ба рӯйи чунин ромишгари золиму хунхор, ки ҳаво надарояд. Сонӣ ӯро рафта пиндошта тирезаҳоро боз гардонанд, боз ояд. Тӯру парда кашанд – пардатӯрҳойи симиву аз пай сохта. Нашавад. Аз дасти чунин оҳангсози қатаған раҳойӣ набувад. Марги муш оранд, ҳаргуна доруҳойи кушандайи кимиёвӣ пошанд, минаву таркандаҳо гузоранд сари роҳаш, осуда нагарданд. Лашкар кашидааст он. Гирди сар тоб хӯрда навозад; бехи гӯш сарояд, даркору нодаркор навозад. Хоб баронад. Сонӣ мисоли дамандоз сари болини кас нишаста, нештар занад; чун ҷӯгизани фиребгар, ки шох бар омос гузошта хун макад, даркашад. Чунон маккору дузд, ки торикиро авло донад аз рӯшнойӣ ва нохонда дарояд ба бистари ҳар кас.
Сонӣ нағмаро тамошо бикун: ҳофизони дигарро, ҳатто ҳамон садо дар гулӯ дармондаро, бо пулу моли андак ва таваллову зорӣ оварда нашавад; он навбаромади фачхонро ҳам. Чанд моҳ пешакӣ фармойиву шартнома бандӣ, пешпардохту пешдод гузорӣ... ояд ё на рӯзи мурод? Валек ин ромишгари худодод, дойирахабар ҳам не, беихтиёр, бепурсиш, бе шартномаву пешдод чунон пайдо шавад, ки надониву нафаҳмӣ. Ӯро фарқу тафовуте нест, ки дар кадом ҳол хонад: базму сур аст ё мотам? Ҳамин рӯз падари Шаккокро ба хок супорида буданд, ромишгари бемаъниву бехабар аз одобу фарҳанг бехи гӯши писар менавозад мисли замбӯри забонашро досак миқроз зада.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё