МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
Чанде пеш мурдайи Сахтҷонро аз мулки урус оварда буданд, ғижжакашро менавохт; духтарак аз номуродӣ худро ба мавҷи руд зада беному нишон гашт, нағма бардошта ба хонайи онҳо рафт; ба хонайи зани сари зо рафта ҳам бенағма надаромад. На кадхудову кадбону, на меҳмону мизбон ва на пиру ҷавон гӯяд; ба гӯши ҳама наво кунад якранг. Шабе, ки гургхӯрдаро устухон аз паси ағба оварда ба хок супориданд, нағмаашро мекард ӯ. Шаби тӯйи арӯсӣ ҳам навхонаҳоро нагузошт то рӯз хоб бикунанд, навохту навохт ва маҷбур гаштанд, ки ҳама дару тирезаҳоро тӯрпарда кашида аз чашми номаҳрам пинҳон шаванд. Шаби моҷаройи хонадону занашро талоқ додани Ниё ҳам ҳол чунин буд. Рӯз нест ба мардум аз дасти чунин ромишгари шилқини беадаби мадрасанадида. Аз баройи ӯ нархи «одеколон» осмонӣ шуд, вале суд накард. Боз пайдо шуд ҳофизи безабон. Чунин рафтору кирдор танҳо аз дасти душман ояд; аз дасти душмане, ки ташна ба хуни туст, ё аз тарси «шеф», то худашро накушад, шабохун занад. Каси хаставу шалпар ва хобпахшкардаро алла бувад оҳанги ӯ. Хобонаду нойча бар раги хунгард занад ва даркашад то дам кардан. Ба гӯши маст, бемору ҳушёр ҳам нафорад садойи ӯ; каф зананд, то ба даст оварда, ғиҷим карда хунашро бароранд.
Гурезад; ҷаста, парида пинҳон гардад; боз ояд фурсате пас, ки пазмон гашта кас. Чун ба каф ояд ё зери пашшакушак зарба хурад, хунранг гардонад дасту дару деворро. Танҳо ҳамон вақт аранге миёни маргу ҳаёт пай барад: «Кушӣ, кушанд...»
То намирад, аз хунхорӣ намонад... Номаш ба худаш – Хомӯшак!
3.06.08.
ЧИЛЛАГУРЕЗОН
Арӯс ҳафт дарро гардонд фарзанд то чиллааш буромадан.
Фарзандро дар хонайи худашон зойид. Чун бача чашм кушод, бадар бурд. Аз тарси падар бурд. Зеро падар медонист зодани занро ва чун Крон бача балъидани буд рабуда. Чунин кирдорро Рея – модар медонист. Аз ин рӯ Зевсро пинҳон кард дар ғор.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё