МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
Чун бача чашм кушояд майли бадар рафтан кунад ва падари ноинсоф ӯро аз миён газида бурда зери кадом бутта бихурад ва аз нолаву фиғони модар тӯрида гурезад кӯҳ ба кӯҳ.
Ба ошхона овард. Боз бурд. Чунки падар дид ҷойи пинҳон кардайи писарро. Ба амбор даровард. Дид. Ба гурбадави хона ҷо кард; ҷойи гурбайи нар он ҷо буд... Ба ҳезумхонайи ҳамсоя бурд. Ягон ҷо мувофиқ наомад. Ба ҳавлийи ҳамсоядармиён бурд, ки аз ду тараф сагҳо занҷирбанд буданд; агар гурбаро доранд, пӯст меканданд ё зинда фурӯ мебурданд чун Крон писарро. Бо тарсу ларз бача дар даҳон роҳи байни сагҳоро гузашта зери ҳезумҳойи дарза-дарза ҷо кард ва нафаси осуда кашид. Аммо дасту пойи бачча меларзид аз тарс. Нав чашм кушода олами рӯшанро дид, вале тарсро, касе ба ӯ наомӯхта бошад ҳам, зиёдтар аз куҳансолҳо дарк кунад. Чанд бор «мӣмӣ» карду хомӯш гашт аз тарс, то сагон занҷир канда наоянд.
Чунки модар шикор рафт. Ва дил пур дошта буд, ки гурба – падар дилу гурдайи аз миёни сагон гузаштанро надорад.
Чапғалат зада рафт ва буни девор шӯйро дид, ки нияти хона даромада писарро газида гурехтан дошт. Модар донист, ки падар ҷойи писар пинҳон кардаро надонад. Нолиду гирист, ки писарро наргурбайи ваҳшӣ бурд. Падар бовар накард. Модар ашк зери ғазаб пинҳон кард: шӯрид, фарёд зад; маҳалларо ба сар кашид; сагонро ба по хезонд. Шӯ бовар накард. Шерона ғуррид, фаххид; омода ба ҷанг шуд ва карраной навохт: «Вааа!!!» ва пештар рафта ба рӯйи шӯйи дамида, гӯшу думу миён бардошта чанг зад. Шӯ наовехт бо зан, балки дум хода карда сари девор ҷаҳид ва бепарво рафт. Дер пойид роҳи ӯро зан, барнагашт. Лек шабҳангом дуздона омад. Хона даромад. Зану фарзанд пайдо накарда, олуғда шуд, дуздона сарсари бому рӯрӯйи девор гашт. Шерона гом зада, бозистода, гӯш медод, то аз куҷо садойи писар ояд.
Писари ширхора гӯштхора гашт. Модар аз миёни сад гулбун сор дошт. Мурғаки хушхони ҳар субҳу шом дар шохи баланд нағмагарро, ки доначинӣ омада буд, чолоктар аз парранда ҷаста дошт гурба. Сару пои сор кашол, ними сари синаву бол дар даҳон хона медароварду бурун меовард ва «мяв» мезад, то писар бохабар гардад. Дониста буд, ки писар он ҷо нест; баройи фиреби назар мекард, то падар пайдо накунад маскани писар.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё