Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Сор дар даҳон ҷаҳид сари девор. Гузашт миёни сагон. Хомӯш буданд сагон. Зеро дониста буданд, ки модар он ҷо фарзанд пинҳон кардааст аз чашми падар, ак нагуфтанд. Писар тозон баромад назди модар. Бӯйи гӯшти сайд шунид. Пеш омад. Гурба сайд ба замин нагузошта сӯйи девор рафт, то писар ояд аз пас. Каме омаду бозгашт ва пинҳон шуд паси ҳезум. Модар ба умеде, ки писар бӯйи гӯшт гирифта аз пас меояд, деворро ҷаҳида гузашт. Чашм чаронд ба атроф, то падари писархор пайдо набошад. Вале писарро надид аз думбол. Баргашт, боз гузашт деворро. Сайд бурд назди ӯ. Писар бӯйид сайди куштарову дунбола гирифт. То буни девор омаду баргашт. Модар олуғда шуд. Ғуррид сайд дар даҳон. Боз сари девор баргашт ва чашмаш ба гурбайи сари бом афтод, ки дид дошт писарро. Сайд сари девор гузошт. Сару гардан фароз дошта, ҳайратзада хеле ба шӯ нигарист ва якбора шерона сар хам карда, миён дуздонда, ба назар хеле дарозу борик гашта, сари девор тохт; наздики қотили баччахор омада наъра зад:
«Вааа!!!» Сагон ба шӯр омада, рост ба қади девор шуданд.
Падари бадтол сахт нигариста ба зан, дандон гиз кард ва бурут пасу пеш ҷунбонда, дум хода кард. Зан дарёфт ғазабу ишорайи ӯро; кина гирифт, қасд кард.
Устухони писар шах шуд. Дигар дандони падар намегузашт. Балъида ҳам наметавонист. Он рӯз, ки бо модар чанг ба чанг шуд ва модар як чашмашро чанг зада кафонда буд, шинохташ писар. Бо ранг набошад ҳам бо чашми кӯраш фарқ кунад падар. Писар на танҳо нафрат дошт ӯро, душмани ашаддӣ гашта буд. Лекин чун дид, ки модар боз сари девору гӯшайи бом бо кӯри Шермат ишқбозӣ кунад, дил сард гашт аз олам: «Ҳамааш назарфиребӣ будааст; баройи наранҷонидани фарзанд...» Чун модар боз бачча овард, Кӯри Шермат пайдо шуд ва бародарони ӯро рабуд. Модар боз тане аз ононро ба ҳавлийи ҳамсоя бурд. Кӯр қасди бачча кард. Писари бузург сари роҳи ӯ истод ва чунон ки модар ба сайд ҷаҳиданро омӯхта буд, барҷаст ва чангол ба чашми сиҳати падар заду кафонд. Фарёди талх зад падар. Сагҳо шӯриданд. Модар омад. Ҳоли шӯ дид, ки чун лаби бом амонат истода, роҳи рав набинаду надонад ва хуни чакконро боздошта натавонад.

пешина
аз 344
навбатӣ