МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
Аммо даҳонаш боз, дандонҳояш гиз, ки боз писар ҳамлавар шавад, хешро ҳимоя карда тавонад. Модар сахт дандон гиз кард ҷониби писар. Писар аз чунин рафтору ҳаракати модар ҳама чизро дарёфт: «Кӯр бошаду кар бошад, соябони сар бошад!»
4.06.08.
БЕВАЗАН
«Тухм назояд, чӣ лозим?» гуфта хурӯсро фурӯхту ҷуворӣ харид. Дӯш хурӯс фурӯхту фардо ҷуворӣ харид; панҷ кило ҷуворӣ шуд. Бевазан аз карда пушаймон гашт ва алам аз мурғон ситонад; ғур-ғур дорад: «Лаънатиҳо! Тухмашонро хуранд!» Ҳамин ки ба мурғонча наздик омад ё чашмаш ба мурғон афтод, ғур-ғураш афзояд, вагарна чашмонаш нимпӯш, сар хам, зону дар оғӯш ба андеша равад ё муроқиба. Ин хел набуд. Даст дар миён бо ҳар касу ҳар дарахту гулу гиёҳ ё ҷонварон чун ҳоким муроҷиат мекард; чунки райис набошад ҳам, зани райис буд; зани райиси маҳалла. Занҳо одиякак «зани райис» гӯяндаш. Ӯ шод. Андешааш аз ҳамин: «Мардак намемурд, пайдогариаш бас буд. Зори шумо набудам. То кай нигоҳ карда шинам, ки аз пасатон тухм афтаду нӯл назада гирам. Буду шуд чор мурғи фабрика, ки дар се рӯз як тухм кунед, ҳамонро ҳам хуред. Чӯҷа набароред; зунг. Чӣ лозим? Зиён. Суде наоред. Пойида шинам, ки кай аз пуштатон дурдона афтад. Хок хурад... Ман одами зинда; бояд ба маъракаҳо биравам. Дар ин солу замон чӣ зиёд? Мурда. Ба ҳар баҳонаву дард он қадар муранд, ки... надонам, тобути кӣ вазнин буд, ки аз пасаш кашад ин қадар касонро. Наравӣ, нашавад. Чунки дар маъраҳойи мардак омаданашонро дидам. Ё дар хаёлу назари ман бошад, ки баъди мурдани мардак ҳама муранд.
Баъди мурдайи худам, хаёлам, дар рӯйи замин кас намонад.
Аз куҷо донам? Мардак рафту обурӯшро ҳам бурд. Як кас напурсад, ки чӣ ҳол дорӣ? Баъзеҳо, ки «райисҷон!» гуфта меомаданд, бинанд, рӯ сӯйи дигар гардонанд. Одамаш чунин махлуқ будааст. Аз ту чизе нарасад, вуҷуд надорӣ. Рост: аз мурда ҳеҷ гоҳ чизе нарасад, ҳарчанд ки мадад талабӣ, «руҳаш ёрӣ кунад» гӯйӣ, чизе нарасад. Надонам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё