Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

ЭЭЭ...
– Дадеш! Дар хона рӯғану намак нест!
– Ээээ каме сабр мекардӣ чӣ мешуд? Қариб бозорро сохта тамом мекардам. Лойиҳа дар дасти Рӯзӣ – еврей монд...

ҒӮЛУНГ
– Ғӯлунг не, ғӯлинг!
– Ҷӯра, худатро кушӣ ҳам «у»-йи худро ба «и» – йи шумо иваз намекунам.

ОБИ ТОЗА
– Ту – занак ҳеҷ инсоф дорӣ ё не?! Наход як гапро сад бор гӯям, ҳазор бор гӯям, як умр гӯям?! Гуфтам, ки обро аз ҷуммак ба чойҷӯш нарез! Худам-ку шиша ба лаби ҷумбак овехта қатра-қатра чаконда, шишаро пур карда баъд ба ҷойҷӯш мерезам. Ба ту ҳам ёд додам, ки дар набуданам чунон бикунӣ. Лекин ту донистаи худро мекунӣ. Аз ҷумбак ба чойҷӯш, аз чойҷӯш ба чойник, аз чоник ба пийла, аз пиёла ба даҳан... Ту намефаҳмӣ, эҳсос намекунӣ, намешунавӣ, ки чӣ таъму бӯйу мазза дорад ин об?
– Дорад – надорад, ҳама аз ҳамин об мехуранд; тамоми шаҳр. Баъд ман ин обро барои чой нагирифтаам; барои таъом...
– Ин чӣ гуфтаат? Маззаву бӯй ба таъом намешинад?
– Не. Ба дег ҳар чизро меандозем, бомазза мешавад.
– Ман ба ту гуфтам, ки ин чизро аз мутахассисон пурсидам, онҳо роҳашро нишон доданд: «Як баклашкаро аз тагаш сӯзан зада сӯрох кунед; дар баклашка пахтаи тоза, албатта аз аптека бошад, андозед. Оби ҷумбакро муқаттар кунед.
Ҷуммакро ба даҳани бӯтал андозед ва зери бӯтали сӯрох зарф ё бӯтал гузоред; нигоҳ карда шинед то пур шудан. Баъд оби бутал ё ба ҷойҷӯш, нағзаш тефал, ё офтоба андохта, ҷӯшонед.
«Хубии тефал дар он, ки ҳама микробҳоро намекушад, чунки об наҷӯшида, дами дарун шуда, мепартояд. Офтоба ҳама шаҳду маззаю заҳро ҷӯшонда, обро хушлаззат мегардонад...»
Гуфтам ҳамин чизро ба ту?!
– Гуфтед!

пешина
аз 344
навбатӣ