МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
– А, чӣ-ба риоя намекунӣ?
– Барои як чойник об бояд як рӯз бехи ҷумбаки об шинам.
Шумо тоқат мекунед?
– Ба тоқати ман корат набошад! Як умр тоқат кардам! Як рӯз тоқат намекунам?!
– Ошхонаи «Иттиҳод» равӣ ҳам ҳамин маззаву ҳамин бӯй, «Роҳат» равӣ ҳам ҳамин...»
– Чӣ онҳо мисли шумо даҳону бинӣ надоранд?
– Доранд! Ҳар чӣ ман дорам, онҳо ҳам доранд, лекин барои онҳо фарқ надорад; онҳо тайёр кунанд, дигарон хуранд. Гоҳи ҳисобу китоб гӯянд: «Ин қадар қимат шудааст?»
«За то, маззаро ҳам бинед-дия!»
– Лекин ин чизҳо барои ман аҳамият надорад; ман туро медонам; ҳамроҳи ту мехурам; мехоҳам, чойи ҳалол, хуроки ҳалол хурем. Худат донӣ: аз бозе ки дар рӯйи замин обхезӣ зиёд шудаст; ба қавли олимон: «Сайёраи мо роҳ кӯтоҳ карданӣ шудаст» ҳол чунин. Ёдат бошад дар ин чанд сол қариб даҳ бор қубурҳоро дигар кардем. Донӣ барои чӣ?
– Надонам!
– Ҷилва накарда гап зан! Барои он ки об якрост ояд аз кӯҳ ба хонаи мо. Касе пеши роҳи онро гирифта натавонад. Якрост, бо ҳама шарбату гилу рег ва резину такпӯшаку кирму чирм. Ба чашмат дидӣ ҳамаашро; оварда нишон дода будам...
Боз кори худатро мекунӣ. Аз ту чӣ мерад як буталро ба нӯли ҷумбак часпониву ақаллан барои чой... «Чойи Сулаймон» ҷуз алафи бӯйи модарон барге чой надорад. Чӣ кор кунем бо ин зиндагӣ?
– Овезед!
– Рост мегӯйӣ, Туро аз забон бояд овехт. Як гапа як умр гӯйиву боз кори худатро кунӣ, бояд овехт. Дигар илоҷ нест...
Лекин дер шуд. Ин корро сӣ сол пеш кардан лозим буд, то ислоҳ шавӣ. Неъ! Ислоҳ нашудӣ. Гӯсолаи шуданӣ аз пояш маълум...
– Об ҳам аз худатон, чой ҳам. Панотон ба Худо!
– Ӯй! Ношукр! Ин корро сӣ сол пеш кардан лозим буд, ки ман ягон тайёрӣ бинам. Дар ин синну сол на ту ба касе лозим, на ман! Моро ақаллан ба дарбонӣ ҳам қабул накунанд. Ту ҳоло ҳам беақл будайӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ