Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Кампир шудию ақлат надаромад.
Дардамро ба ту нагӯям, ба кӣ гӯям? Ин чизҳоро аз радиойу телевизор гуфта нашавад; зуд бурранд. Барои худамон мегӯям, ки як бор чойи «бемазза» хурем. Он тарафаш чӣ мондаст кампир?
28.03.10

ДУЪОИ ГУРБА
Имом гӯшт овард, ки меҳмони олиқадр ояд. Гӯшти коғазпечро рӯйи кати чӯбӣ гузошту ташноб рафт. Гурба омаду гӯштро бардошт. Саг сур кард ӯро. Гурба гӯштро болойи сафедор баровард. Чун Имом баргашт, гӯштро надид. Сагро дид, ки ба сафедор рост шуда, баромада натавонад; ғуррад. Ӯ нигарист ба тори сафедор ва гурбаро дид, ки ба таҳдиди саг парво накарда, дар шохе савор гӯшт хурад. Мард ғазаб кард ба дуздии гурба ва дарахтро ларзонд, то гурба фурояд ё гӯштро андозад. Лек гурба на ба аку ғурри саг эътибор доду на ба дӯғу пӯписа ва сангу чӯб боло андохтани одам. Шӯрид мард ва косаи сабр лабрез гашт ва тозон рафта табар оварда ба бехи дарахт зад. Дар чунин ҳолат ҳам гурба писанд накарда гӯшт мехӯрд ва нияти фуромадан надошт. Сафедор қирсқирс карда паҳлӯ рафт ва барқад афтид. Гурба ё аз тарс ва ё аз зарбу лат худро гум кард. Саг даррасиду ӯро хӯрд...
Рӯзе ба чашми Имом ғармиҷа (захм) баромад. Даво наёфт.
«Аз паси зани ғар салом бидеҳ» гуфтанд; чунон кард, батар шуду беҳтар на. «Ба мурдории одам салом деҳ» гуфтанд; салом дод. Батар шуду беҳтар на. Табиби бемурувват «Равғани кӯрмор бимол» гуфт. Чунон кард. Мағоки чашм ҳуллонд ва чашмро нобино гардонд.
Гуфтанд: «Дуъои гурба гирифт».
29.03.10.
КӮРРОҲА
Гар мол надорӣ, саг мадор.
Халқӣ.

Паймон карда будам, ки дигар саг нигоҳ надорам; зеро мол
надорам ва нигоҳубин, хидмату гӯру чӯбе, ки барои онҳо кардам, ба худ накунам: аз хурдӣ парво мекардам бо ширу гӯшт; чун нафсашон баду иштиҳояшон гурггир мешуд, ҳар чизро мехӯрданд: аз об то устухону лоланг (сарқут).

пешина
аз 344
навбатӣ