МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
Сагдориамон аз он сар шуд, ки набераамон сагбаччаи сари роҳ сари даст доштаро дида, ҳавас кард, харидем. Гӯшу думаш буридаи ҳушёр буд; фурӯшгор «саги зотии чӯпонӣ» гуфта сахт таърифу тавсиф кард. Полвон ном ниҳодем. Кӯдаконро ёр буд ва зуд касро ошно мешуд.Вале бузургшавиаш чун баччаи одам буд: сесола шуду як зайл хурдаки ғуммачаи пакана монд. Ба ҳар кас «Полвон» гӯён шинос бикунӣ, механдид. Зеро ҷисму садояш кӯчак буд; аз ин рӯ саг нею «кучук» мегуфтем. Тановар нашуд, аммо ғайрату бедориаш аз харсагҳо фузунтар буд. Шарфае шунавад, остонаи дарвозаи бастаро меканд. Вале касеро зиён нарасонидааст...
Коре шуд. ки нашавад, авлотар буд: Аз ноҳия як саги хирссуратро бо зӯрӣ ба мошин бор карда овардем. Соҳибаш «Рембо» ном гузошта будаст, мо низ Рембо мегуфтем. Касе аз сари девор нигоҳ карда наметавонист. Якбора гум шуд. Даракашро ёфтем, лек аз дасти ӯ гирифта натавонистем; зеро дузд буд ё маккор, ки «Харидам, мефурӯшам» гуфт. Гӯё касе дуздида, ба ӯ фурӯхтааст. Гумонамон аз хешбаччаамон буд; дар аҷаб будем, ки ӯ хонаи сагҷаллобро чун донад? Ӯ миёнарав шуд мову сагҷаллобро. Лек ман дасту дил шустам аз он саг...
Аз бозор кучук харидем. Лек полвонча ӯро рӯз надод: бо ҳар роҳу равиш хӯроки онро ҳам моли худ мекард; гарчӣ сер бошад, хӯроки ӯро бурда баҷо мекард барои рӯзи мабод. Чунин хислати Полвон ба одамони бағиём монанд буд. Кӯдакон номи кучукро «Челсӣ» гузоштанд ба хотири тими футболи Инглис; зеро мухлиси он даста буданд. Ҳатто нагузоштанд, ки гӯшу думашро буррем. Гоҳи наҳорӣ ғур гӯяд ҳам зӯраш ба Полвон намерасид. Сонитар қад ба қад мегаштагӣ шуд, аммо Полвони ботаҷриба зӯр мегузаронд. Рафта-рафта Челсӣ ӯро зери пой кард. Полвон наздик омада натавонист. Лек худро ёр ва ёвар мегирифт ба ӯ. Агар дарвозаи ҷониби бемористонро кушоем, баробар баромада, тохтутоз мекарданд ва рӯйи хоку сабзаҳо ғел мезаданд. Рӯзе ба касе ғурид Челсӣ. То ӯ ба кас зиён наорад, ман тохта баргардонданӣ шуда, номашро гирифта, басиёсат дод задам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ