Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Он мард ба ман часпид: «Сагро ба ман ангехтӣ, мепарронам!» Ман ба таври хеш боздоштанӣ шудам сагро; ӯ ба таври худ, баракс пазируфт, ки қасде дорам. Гуфтам: «Бо роҳи рост равӣ чӣ шавад? Дуздвор аз девор гузашта, бо бероҳа меойӣ?!»
– Ман профессори ҳамин бемористон, бо ҳар роҳе хоҳам, меравам! Лек сагатро мепарронам!
– Паррон! – гуфтам бо ғазаб. Андеша накардам, ки он солҳо ҳар раҳгузар силоҳ дошт. Баъд бим карда, сагҳоро берун намебаровардагӣ шудам. Ба назарам ҳавлӣ тангӣ кард барои ду саг ва онҳоро аз дарвоза берун сар додам. Як бегоҳ Челсӣ ба хурок нигоҳ накарда, мисоли каси кулфатдида маъюсу озурда намуд. Дилдорӣ карда ҳол пурсам, ба ҷойи ӯ Полвон гирди Челсии ғамӣ гашта, ба ӯ нигоҳ карду ба ман ва ҷониби дарвоза «ак» зад. Чизе нафаҳмида, сӯйи дарвоза нигаристам ва дилпурсӣ кардам: «Ягон кас ранҷонд? Санг зад?»
Полвон гӯшҳои бурида чур карданӣ шуда ҷунбонд, дум ликонд, аммо гӯшҳои дарози Челсӣ ба рӯйи чашмони маъюсу камнураш хамида буданд. Андар замини намдор ба шикам хобида, фӯк бар пойҳои ёзида гузошта, андешаманд тофт монои одами ранҷуру пурғам. Сонӣ беқарор гашта, хеста ба ҷӯйбор даромада дароз кашид. Чун аз ҷӯйбор баромад, хун мезид. «Сӯзан ё заҳр хӯрондаанд» гуфтанд ҳолдонҳо. Ду пойи ақиб кашола шуд ва ҳамон зайл ҷисми хеш бардошта натавониста, мурд. Баъди чанд рӯз Полвон ба чунин дард мубтало гашта, низ мурд. Ғамӣ гаштанд кӯдакон. Ман ҳеҷ илоҷ наёфтам. Ба ташхисгоҳи бемористони «Амрози саратон» рафтам, то профессори «дӯғмаст»-ро пайдо карда, савганд диҳам, ки чаро чунин кард. «Профессор Руссия рафт» гуфтанд...
Чун аз он тараф баргаштам, ҳамсояи навро дидам, ки аз сари девори ҳавлиаш гузашта, ҷониби бемористон меомад.
«Роҳро монда аз сари девор...?» пурсидам.
– Дидам, ки сагатон нест... Ба бемористон наздик гуфта, аз сари девор паридам.
– Ҳааа...
Сӯҳбатро дароз накардам, чунки ба дилам нагунҷид. Лек баъди дуртар рафтанаш беихтиёр аз пасаш нигаристам. Сонӣ дарвозаи ҷониби бемористонро баста, аз дарвозаи тарафи Офтобрӯ ба кӯча баромадам.

пешина
аз 344
навбатӣ