Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Назди дарвозаи ҳамсояи нав чанд кас меистоданд. Нафаре маро шинохта, «э!» гӯён пеш омад ва вохӯрӣ карда дафтари достон кушод:
– Ҳамсояатонро мешиносед?
– Шинохтани ҳамсоя фарз, ҳам қарз.
– Бар падаратон раҳмат. Фарзу қарз, лекин моро гаранг кард. Рӯзи худо меоем, дараш баста. Қарздор. Гурехта мегардад.
Аз дилам чизе гузашт: андешаю мулоҳиза. Забон газида, китфон дарҳам кашидам: «Надонам».
– Ману шумо шиноси кӯҳна. Ман бародари додситони...
– Мешиносам... Салоҳиддин.
– Бар пааратон раҳмат. Ана ин визиткаи ман. Ҳамсоя пайдо шавад, як занг. Мо ҳар рӯз ба ин ҷо омада... худатон мефаҳмед. Шумо дойим ҳамин ҷо. Мо шумоя розӣ мекунем.
– Ташаккур ба ҳиммататон... Ба шунидам, ӯ намояндаи савдои ҷумҳурӣ дар Дубай ё Сингапур...
– Мо инро медонем. Шунидем, ки омадааст. Гурехта мегардад... Паймон буд, ки сари вақт пулро баргардонида натавонад, хонаро медиҳад. Ба ҳар ҳол, як хидмат.. «Хаёлашон, ин як хидмати оддӣ; саволу ҷавоби индунёйиву ондунёйӣ надорад. Мисли шумо ҳар рӯз чанд кас меояд. Ба ҳар кадоми он занг зада, «омад» гӯям, кор чӣ шавад? Сари худро зери ташвиш гузорам? Бе қарзу воми шумо ҳам сарам зери андешаву ғам, ки сагони маро кӣ кушад? Сабаби дарвозаро монда, аз обмӯрӣ баромадани ҳамсоя рӯшан. Лек сабаби мурдани сагон торик. Раҳми Худо ояду рӯ ба рӯ гардонад...»
Дузд пайдо шуд: сари девори пастаки ҳамсоя рахна гардид ва равғанӣ ҳам намуд чун либоси устоҳои мошин ё пӯшоки ҷувозкашон. Маълум нест, ки нақши пойи дуздон ё пайи дасти соҳиби ҳавлӣ? Сарам каду гашт аз фикру андеша. Ба ҳазор кӯчаву тангкӯча даромада, баромадам. Аммо чора набуд.
Коғазчаи Салоҳиддинро аз ҷайб бароварда, рақами телефонашро чидам: «918...» Давомашро чида натавониста гӯширо гузоштам. «Ҳамсоя ба ҳаққи Худо баробар»; зеро мурдаи маро то онҳо хабар меёбанд, ки ҳамсоя бурда гӯронад. Лекин боз пайдо шудани дузд моро ба ташвиш овард.

пешина
аз 344
навбатӣ