Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

«Маҳсӣ мекашед, мардак?»
«Бегоҳи ҷумъа...»
Занак ҳам ба умед як дег об гарм кард.
«Об мондайӣ, занак?»
«Мурдашӯҳо фармуданд...»
Усто фаҳмид маънийи сухани ӯро. Суханро ғоз надода, бинокорӣ рафт. Лек андеша дошт, ки помонийи зан дигар шудааст; хусусан баъди оби гармро бароварда шалап-шалап рӯйи ҳавлӣ пош додан. Кошкӣ оббиёрӣ осон бошад? Аз худи Тангӣ дусатила об кашонидан лозим меояд. Зеро то аз миёни деҳ гузашта ба ин ҷо омадан оби сой ғажду ифлос мегардад; бавижа тобистонҳо, ки писарони Амин луб-лучи модарзод аз даруни об берун намебароянд ва мардум бачаҳо аз хоб нахеста, мурғфарёд об мекашонанд.
Ва аз ҳамон вақт, ки Андарӣ оби гармро ба саҳни ҳавлӣ «макруҳ» гӯён пошид, дилаш аз зиндагӣ, аз ин хонаву дар ва мардак сард гашт. Мардак ҳам аз паси панҷа нигоҳ мекардагӣ шуд ба кору рафтори занак...
... ва Санам наздиктарин каси зани Усто гашт. Ва ба хонааш равуо мекардагӣ шуд. Андарӣ хонайи Санам мерафт. Таъбелчийи таърифийи Санам низ ба он хона меҳмон мешуд. Усто аз нигоҳу миш-мишҳойи мардум рамуз мегирифт, аммо аз касе чизе намепурсид; вонамуд ҳам намекард, ки коре шуда бошад.
Занро низ напурсид, ки чаро ба хонайи Санам меравад? Ӯ феълу атвори Санамро хуб медонад; рафтору кирдори таъбелчиро низ. Занмурда. Ба ҳар зан чун саги гурусна нигоҳ мекунад ва ҳоло ба донистайи Усто ба оши соли занаш нигарон нашуда, зан гирифтанист. Ва Санам ҳамин чизро ишора кунад, Андарӣ «Ман дар никоҳи Усто» мегуфт. Баъд фаромӯш кард чунин ҳарфро. Таъбелчӣ низ оши соли даргузашти занро баҳона оварда зангириро фаромӯш кард.
Аммо чӣ балое шуд, ки занак ба таъбелчӣ одат кард: «Рӯзе, ки туро набинам, он рӯз мабод!» мехонад. Сарторики аз бӯйи пиёздоғ қимоб барин, Усторо бинад, қай карданаш меомад.
Ва Усто ҳамаро дида бо сабру тоқат паси сар мекард, аммо гиреҳ мезад дар куҷойи кинадонаш.
Ғӯрайи нарми чормағз донак шах кард, сонӣ чунон сахт шуд, ки ба дандон шикаста намешуд.

пешина
аз 344
навбатӣ