МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
Ба сараш санг ё болға зада шикастан рост меомад. Тирамоҳ фаро омада буд.
Чормағзҳоро зоғу аккаҳо аз шохи дарахт мебурданд. Рӯзе Усто гӯё аз ҳодисаву рухдоди ҷаҳон ноогоҳ назди таъбелчийи машҳур ба чормағзафшонӣ рафта, хоҳиш кард, ки ҷуз ӯ касе чормағзи он дарахти дерсола ва парешоншохро афшонида наметавонад. Таъбелчӣ чӣ дилаш раг зад, ки «Хуб» гуфту зиёд андешид ва ҷиянаш Амонҷонро фиристод, ки чормағзи Усторо афшонад. Ҷиян омад. Он рӯз зан бо фармуди Усто ба кори колхоз набаромад. Худи Усто низ ба кор нарафт. Ба ном рафта буд. Аммо аз девори гаштайи пушт дар оғил ҷой шуда, пойид...
Рӯз пешин шуд. Яке таъбелчӣ аз дарвоза даромада омад ва зан косакуҷомонам шуд. Ба хона хонд. Ӯ надаромад. Кӯрпача бароварда рӯйи марза андохт. Хушдораш нанишаста зери дарахт гашт. Чормағзи ахча чид. Зан низ сатили кӯҳна гирифта ба чормағзчинӣ даромад.
– Усто куҷо?
– Кор...
Ҳамин қадар сӯҳбат шуд. Зан гоҳ-гоҳ чормағз ба сатил андохтанӣ шуда тани хеш ба ягон ҷойи таъбелчӣ мерасонд.
Мард меларзид.
Усто низ андаруни оғил меларзид ва чашмонаш аз чашмони Отеллойи сахтрашк кушодтар мешуд ва ғазабаш аз ғазаби ӯ зиёдтар оташ мегирифт. Дандон месойид. Ангушт мефишурд. Лабонаш мепариданд. Хун ба сар зада буд. Тапиши дилаш Оламро меларзонд ва теппайи пушти боғ чун қафаси сина садойи дилкӯбиро парешон мекард. Хаёлан ҳардуро гардану гулӯ ба қабза меовард ва ба якдигар мезад. Ё ходайи эҳтиётийи дар шохи дарахт уреб гузоштаро гирифта бар фарқи сари онон бо навбат кӯфт... На! Чунин корҳо намешавад. «Онҳоро бояд паҳлӯйи ҳам хобонд ва баробар аз миёнашон арра кард... Дигар онҳоро бо потеша ҳам тарошида рост кардан имкон надорад... Магар гӯр...»
Усто халал нарасонд эшонро. Танҳо дилу торҳойи асаби хеш эҳтиёт карданӣ шуда, то накафанд, боз аз девори гаштайи паси оғил баромада рафт ва дертар аз дарвоза омад.
Чормағзҳоро чида дар халтаву сабаду сатилҳо ҷой карда буданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё