МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
Таъбелчӣ набуд. Хона даромад Усто. Шоли кунҷи хона тар метофт. Лаби шолро бардошта дид: Обзада ва пайи панҷаву пой боқӣ монда буд. «Сар шустааст». Аз дил гузаронд, аммо нагуфт ба зан. Аёнро чӣ ҳоҷати баён. Кори дуздиро ғуслаш ҳам дуздӣ мешавад. Дар кинадонаш гиреҳи дигар пайдо шуд...
– Писар пагоҳ ҳам вақт дошта бошӣ, биё ба янгаат ёрӣ деҳ!
Ана дар ин ҷо (айвони ошхонаро нишон дода) чоҳ кофтан лозим.
– Як даҳан аз тағом пурсам...
– Пурс аз тағот. Бояд «не» нагӯяд...
Дили зан раг зад, ки чаро Усто корҳойи қасдона мекунад.
– Бачаро овора накунед, мардак, ман худам чоҳ мекобам.
– Ин бача бояд хизмат кунад... Ту ҳам мекобӣ... Дар дигар ҷо...
Рӯзи дигар ҳам ҷавон омад ва дар ҷойи гуфтайи Усто чоҳе канд. Вале Усто намегуфт, ки чоҳ баройи чӣ. Ҳарчанд занак пурсид, дам андарун, лом нагуфт. Гирифтори андешаҳойи хеш буд ва чӣ реҷае дар сар дошт. Баъди ду рӯз «Замин хушк шуд. Чормағз намепусад» гуфт. Ва дили зан кушода шуд, ки нияти Усто нек будааст.
Аввал як намадпорайи кӯҳнаро, ки «ҷули хар» ном дошт дар таги чоҳ андохт: «Сабз намешавад...» гуфт худ ба худ.
Сонӣ ҳама калопучҳоро он ҷо андохт.
– Ахчаҳоро гӯр кунед, калопуч ба кӣ лозим?
– Ман ҳам инро медонам, калопуч ба касе лозим нест. Баройи ҳамин дар ин ҷо гӯр мекунем. Ахчаҳоро дар дигар ҷо гӯр мекунем... Аз дасти ин мушҳо ахчаҳойи луччакро даруни сандуқ гирӣ ҳам халос намехурад.
Ҳар ду ба таври хеш андеша мекарданду мегуфтанд. Усто чӣ кор карданро медонист: Аз тораш ду сатил ахча рехт ва ҷули дигарро бар он паҳн карда, хок бор кард.
– Ана ин ҷо чормағзҳойи ғалбераку ахчаро гӯр мекунем. – лаби шолро бардошта замини тарро нишон дод Усто.
Тани зан ларзид. Вале худро ба даст гирифт.
– Ин ҷо дӯнг мешад. Меҳмон-пеҳмон дарояд, хуб намешад.
– Ба хонайи мо меҳмон намеояд. Пайи қадами худат-катӣ наояд, намеояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё