Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Ҳарфҳойи Усто духӯра. Таги зан тар. Ба таври хеш мефаҳмад. Аммо чизе гуфта наметавонад.
– Хоная безеб накунед! Дар паҳлӯйи чоҳи берун кофтан гиред.
– Дидӣ-ку, чӣ хел замини он ҷо сахт?! Дастони хешбаччаат овла (обила) кард. – Занак пай бурд кинояйи ӯро, аммо «чӣ хел хешбачча?» нагуфт. Усто суханро идома дод: – Касе ин ҷоро обдорӣ кардааст. Замин мулойим шудагӣ. Канданаш осон. Ту худат бояд канӣ. Чунки ваъда дода будӣ.
– Хонаро безеб мекунед...
– Дар ин хона зебу зинат лозим нест. Чӣ хеле ки буд, ҳамон хел бояд бошад.
– Бадният будаед, ки обод нашудаед...
Усто суст шуд як лаҳза. Хаёлаш ба дуру наздик рафт. Лаб газид, забон газид. Ғазаб фурӯ бурд. Аммо нашуд:
– Ҳоло обод шудаем?
– Не, гӯед! Тори пахол хоб мекардед. Палосдоратон кардам...
Хун ба сари Усто зад. Куҷое мӯяке канда шуд; дар мағз ё чаккайи сараш, пай набурд.
– Ихтиёрат! Канӣ, кан! Наканӣ, хонаро холӣ бикун!
Занак чунин ҳол гирифтани муомиларо чашмдор набуд.
Лекин ҳамин гуна ҳарфро як вақт мехост. Замоне ки Таъбелчӣ сахт ӯро дидан мехост; ба як сухани Усто хонаашро тарк гуфта назди ошиқ рафтан имкон дошт. Аммо гоҳе ки ӯ соли даргузашти занашро баҳона овард, ҳама нақшаву умедаш барбод рафт. Ҳоло бел мезад ба ҷойи намкашидайи бурҷи хона. Лек тагаш сахт баромад ва ҳаргуна сангу шағал. Зан меканд чоҳ, шӯ мекард тамошо. Аз дилу мағзи сари зан чӣ мегузашт, худаш донад, аммо дар сари Усто як андеша буд: «Хонаи охирати занро сохтан».
Хулоса, чоҳ фурӯ рафт ва сари зан наменамуд. Усто ба ӯ мадад мекард: сатили пур аз хокро боло кашида рӯйи хона мерехт; тепачае пайдо шуда буд. Дар ин миён Усто халтаҳойи чормағзро оварда такя ба девор гузошта буд, то хотири зан ҷамъ гардад. Валек аз меҳнату ҳаракати зиёд ё андешайи фишурда, ва ё тангиву гармийи чоҳ аз арақ куртайи зан ба танаш часпида, аз гарду чанги хок лой ҳам шуда буд: «Ин пиракӣ чунин усули кор доштааст, ки занонаш намепоийдаанд...

пешина
аз 344
навбатӣ