МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
Бароям, як лаҳза ҳам дар ин хона намеистам...»
– Ма! Инро аз таг андоз! – шолро ба чоҳ андохта фармуд Усто.
– Ин гилеми ман-ку?!
– Гилеми ту! Дар он чоҳ бисоти маро гӯр кардем! Дар ин чоҳ бисоти туро гӯр мекунем! – халтайи чормағзро ҷунбонида садо дардод, вале кӯрпаҳойи паҳлӯйи он гузоштаро зан намедид.
– Э, вой-э! – хитоб кард зан ва бар шол нишаст.
Усто, аз ҷон хуштар, халтайи чормағзро ба сари зан бизад ва якбора кӯрпаҳоро бор баст. Ва зуд-зуд хок кашид... Чунон тез кор кард, ки садойи зан шунида намешуд.
«Дигар ба касе хиёнат намекунӣ...»
Хоки канда рӯйи хона изофа монд. Усто пешакӣ ҳама чизро андешида будааст, зуд лой хобонд. Рӯйи чоҳро лойи сахт зад, аз болояш андова кард; замини хонаро андова кард.
Баъди андаке рӯ гирифтан пахоли кӯҳнаро рӯйи хона андохт.
Буд ё набуд. Дарвозаро қуфл зада ба кори устойӣ рафт.
Баъди ду рӯз, ки арақи танаш андаке хушк шуда ва тапиши дилаш суст гашта буд, гӯё ҳама ҷоро орому осуда дарёфта қуфли дарвозаро кушод. Аз дарун ғалақа андохт.
Садойи ҷавоне, ки чормағз афшонда буд, омад, ки «Устобобо!» гӯён дарвозаро тақ-тақ мезад.
– Ҳӯӯӯ! Кадомӣ?
– Ман, Усто-бобо!
– Чӣ мегӯйӣ?
– Мухбир омадаст, сурати холайи Андариро мегирифтаст!
– Холайи Андарӣ ҳамин шаб ҳама бисоташро ба харе бор карда, ба диёраш баргашт!..
21.04.07.
НӮШБОДИ ВОПАСИН
Рустойи Даҳана дар соҳили рости руди Варзоб ҷойгир аст.
Ҳамин ки чап гашта пули дар он замон нимободи болойи рудро убур кардед, ба дасти рост мегардед. Дарвозайи оҳанинӣ на чандон бузургу фарохи кабудранг боз мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё