Зеҳн
Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 235 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ман ба ёди ҳамдиле будам, Бурд ўям бе ғаме аз ёд, Гўри ёдаш дар дилам бархост Бо ҳазорон нолаву фарёд.
Пои ман бурдаст аз хотир Гоҳ ҳампоии ёреро, Пои ман гўри равон гашта Оҳ, ҳампоии ёреро.
Дасти ман ҳамдастӣ афзун дид Аз ду дасти дастгиронам, Шуд саропо гўри ҳамдастӣ…
Дар сари ин гўр гирёнам.
Гўр кардам дар кафи дастон Гармии дасти рафиқеро.
Гўр кардам дар ниҳоди хеш Гармии меҳри шафиқеро.
Ин сари пуршўру савдо низ Буда умре ҳамчу гўристон, Сад хаёлу фикри зеборо Куштаву гўрондааст осон.
Ман, ки деҳқонам, ба дил дорам Гўри садҳо дони нокишта.
Аз ҳавасҳо дар дилам монда Гўри садҳо шеъри нанвишта.
Ончуноне рўи гўристон Шаҳрҳои навбанав барпост, Таҳ ба таҳ гўрам, вале аз рў Сўзу сози тозаам барҷост.
Дар дилам гўри ҳазор уммед, Дар дилам гўри ҳазор армон, Ин манам – сартобапоям гўр, Ин манам – яклухт гўристон…
Ёди Мастон Буд аз чӣ, ман намедонам, варо кошона пур, Буда худ аз шоҳбайту мисраи шоҳона пур.
Ҳар дили пур баски дунёест, баъд аз марги ў Кист, мегўяд, ки на холӣ шуд ин дунё, на пур.
Аз лаби гўраш ба гўш омад садое инчунин:
Ин ҷаҳон холӣ бишуд, аммо нашуд ин хона пур.
Мурғи носери дили ў зери борони сиришк Чун бубинад – чор сўяш гаштааст аз дона пур.
«Пур бикун паймона!» - гуфт ў бар ману қисмат шунид, Водареғо, кард нобарҷо варо паймона пур.
Дар дарахти шеъри тар ў лонае обод кард, Монда аз мурғони зикраш чор фасл ин лона пур.
Чарх гардон монда, сарҳо монда аз гардиш агар, Шамъ сўзон монда, гирдаш аз пари парвона пур.
Ёди Мастон мекунад ҳар дам маро ҳушёртар, Ҷоми чашмам мекунад шомона пур, субҳона пур.


Коре, ки кардаам ман, бо ман накарда душман, Ҳам рўз кардаам кўр, ҳам вақт куштаам ман.
Ҷонрову ақлро кас кай созгор дида, То ақл медарояд, ҷон мебарояд аз тан.
Чашмони равшани ман бошанд равзани ҷон, Ҷон меравад зи манзил, пўшида ин ду равзан.
Чун хонаҳои чашмам равшан набуд хона, Торик гардад охир ин хонаҳои равшан.
Аз душмане мапиндор, аз ман бубин ту, эй дил, 1987 Омад туро ҳар он чӣ, ё рафт ҳарчи бо ман.


Мешитобам бар ҷаҳони орзўҳои дилам, То биёбам хешро аз ҷустуҷўҳои дилам.
Гар хазон созад гули умри маро рўзе ҷаҳон, Боз месабзам ман аз нашъунумўҳои дилам.
Гар бихушкам раҳбараҳ, бо ҷўяе ё қатрае Мебаранд охир маро то рўд ҷўҳои дилам.
Навпарастеро надидам чун дилам дар зиндагӣ, Мешавад сад бор ҳар дам куҳна нўҳои дилам.
Дар дукони хеш чун аттор танҳо мондааст Рафта бар савдо пайиҳам мушкбўҳои дилам.
Пуштурў гардида дил як умр андар синаам, Пуштурў гардидаам аз пуштурўҳои дилам.
Бар замин рафтам фурў, бархостам то осмон, Кардаам тақлид бар хезу фурўҳои дилам.
Зери худ дорад утўи дил ҳама фикри маро, Ман чунин ҳамворфикрам аз утўҳои дилам.
Бо дусад фарҳанги тафсирӣ намефаҳмӣ дигар, Гар нафаҳмидӣ маро аз гуфтугўҳои дилам.


Шитоб, эй дил, ки модар з-интизорӣ Шитоб, эй дил, рўи роҳи ту ки дилбар ин замон ба ҳасрат пиртар гардад.
аз ваъдагоҳи ту ба сўи хонааш пурдард баргардад.
Шитоб, эй дил, ки чун фасли баҳорат бигзарад, дигар ту аз гулзор ҷуз хоре намеёбӣ.
Шитоб, эй дил, ки ёронро агар гум мекунӣ ҳоло, бувад то даҳр, мекобиву мекобӣ…

пешина
аз 235
навбатӣ