Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Шитоб, эй дил, ки шеъре ҳар замон чун гул шукуфад дар лабони ман.
Шитоб, эй дил, ки сатри пахтазору ғаллазоронро бигунҷонӣ ба вазни достони ман, ки ҳолоӣ ту андар остони орзўю ормони ман, ва раҳ дур аст ҳоло то ҷаҳони ҷовидони ман.
Шитоб, эй дил, шитоб, эй дил, ки аз ту нагзарад умри давони ман...
Рубоиҳо
Аз об расидаам ба обу гили худ, Аз хеш фирор кардаам то дили худ, Бехуд будам, ки умри ман охир шуд Дар кашмакаши бехираду оқили худ.
Эй дил, ту ба ман ҷаври фаровон кардӣ, Хандон кардӣ марову гирён кардӣ, Як дам нанишаста дар барам хотирҷамъ, Як умр маро ҷамъу парешон кардӣ.
На аз ҳама ин бухлу ҳасад мемирам, На аз ғаразу зи қасди бад мемирам, Як рўз ниҳода дасти кўтаҳ бар дил, Аз дасти дили нодили худ мемирам!
Эй роҳи равон, маро ба манзил бирасон, Эй мавҷи дамон, маро ба соҳил бирасон, Дар хидмати тан обу адо шуд дили ман, Эй бахт, маро ба хидмати дил бирасон!
Дил ғунча бувад, валек кай бикшояд?
Бикшояду лаҳзае ду-се кай пояд?
То омадани баҳор дар олами дил Сад тирамаҳу баҳори дигар ояд.
Гаҳ рўзи сияҳ дидаву гаҳ рўзи саид, Гаҳ дохили мотамему гаҳ моили ид, Ҳуш дор, дило, чархи сияҳкори кабуд Бисёр ману туро кунад сурхусафед.
Дарё чу шавад хушк, ду соҳил чи бувад?
Эҳсос агар хушк шавад, дил чи бувад?
Гар обу гилат омада пургил зи қазо, Оби ду ҷаҳонат чи бувад, гил чи бувад?
Дунё ҳама аз ту бод, ман дил дорам, Девона диле дораму оқил дорам!
Аз ёд мабар, ки гул бирўяд аз гил, Ту гул дорӣ, бидон, ки ман гил дорам!
Мо душмани кинаву дили бад ҳастем, Мо қотили бераҳми хушомад ҳастем, Моем ғуломи мазҳаби покдилон, Ҳар як ба раҳи хеш Муҳаммад ҳастем.
Аз даст ба даст меравад бодаи умр, Аммо набувад маҷлиси май ҷодаи умр.
Дар ҷодаи умр будан осон набувад, Бояд, ки ба нархи ҷон диҳӣ додаи умр!
Сипос
Аё замини зарафшон, ту остони манӣ, Аё фазои уқобон, ту ошёни манӣ.
Зи ҷон туро чу ҳама умр посбон будам, Пас аз сарам ту, аё қулла, посбони манӣ.
Чи бок, агар натавонам суруд дастоне, Ту, киштзори Ватан, шеъру достони манӣ.
Зи ҷўи туст зибас сабз ҷўяи суханам, Бигўямат, ки дило, Вахшу Зарфишони манӣ.
Бимон ту, шеъри равонам, ки баъди рафтани ман Чу нўшбоди дилам баҳри ҳамдилони манӣ.
Ман ҷавонам, Бо ман ин дунё ҷавон аст, Роҳи ҷисмам бар замину роҳи рўҳам Шоҳроҳи Каҳкашон аст.
Ашки чашмонам нишони ҳасрате нест, Ашки чашмонам дурахши ахтарон аст.
Ҳар пагоҳӣ офтоб Мебарояд аз уфуқи синаи ман, Ҳамраҳаш ман мебароям бар фарози қуллаҳо, Мекунам фарёд сўи кўҳсорон, То садои меҳрборамро барад кўҳ Кў ба кў
То гўши ҷони дўстдорон.
Мешавам ман низ об он ҷо қатори тармаҳо, Меравам дарё ба дарё, То ба ҷони дашту саҳроҳо бирезам, Боз аз он оғўши ҷонбахш Дар намуди майсаву гулҳо бихезам.
Баъд аз ин Бо сарфарозиҳои хеш Баҳри ман ҳар қулла додар мешавад, Бо нигоҳи софу чашмони пуробаш Баҳри ман ҳар чашма хоҳар мешавад.
Баъд аз ин Ман ҳеҷ танҳо нестам, Баъд аз ин Ман бо ҷаҳонам, Ҳамдили аҳли замонам, Ҳамгили пиру ҷавонам.
Баъд аз ин ман Бо ҳама ношодҳо ғам мехўрам.
Рост мегардам, ба гўшам панди пирон, Бо қади ҳар пир ман хам мехўрам.
То кунун гар осмонӣ будаам, Хешро акнун заминию замонӣ мекунам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё