Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Ман наменолам дигар аз дарду ғам, Ман наменолам дигар аз бешу кам, Хешро бо ҷумлаи ҳамдардҳо пайванди ҷонӣ мекунам, Хешро як рўз хушбахти ҷаҳонӣ мекунам!
Чашми чашма
Чашми поки чашма аксатро яқин дар ёд дошт, Маззаи акси туро аз ў чашидам бо ҳавас.
Беди маҷнун иқтибоси кокулонат карда буд, Кокулашро ҳамчу мўи ту кашидам бо ҳавас.
Ёди ту як лаҳза гар мешуд бурун аз ҷони ман, Дарди ман мерафт чун тире ба ҷони ман фурў.
Косаи сар аз хаёлат як дамам гар пур набуд, Аз алам мекардамаш рўи кафи холӣ пурў.
Ку гиёҳе ҷуз гиёҳи меҳри ту дар хонаам, Аз гиёҳи меҳри ту обу ҳавоям тоза аст.
Ҳамчу ҷонам куҳнаӣ дар ҷисмам, эй дарди куҳан, Бо ту, эй дарди куҳан, умре давоям тоза аст.
Дар рухам аз гарди роҳи умри ман набвад нишон, Гарди пои туст дар рўи ману абрўи ман, Нури рўю сояи мўят ба рўи ман фитод,
Соярўшанҳои қисматро бубин дар рўи ман.
Чизи бисёре барои бахти ман даркор нест - Панҷаҳоям шонаи мўи ту бошад, қонеъам, Аз ҷаҳони диданӣ ҳам хоҳишам бисёр нест - Дидаҳоям хонаи рўи ту бошад, қонеъам.
Ҷўи Хонум13
Дар нигоҳам - рўи хонум, Дар димоғам - бўи хонум, Бо ҳавас паҳлў ба паҳлў
Омадам паҳлўи хонум,
Ташнаат, эй Ҷўи Хонум.
Созҳоят – хонумона,
Розҳоят – хонумона,
Меравӣ бо нози ширин,
Нозҳоят – хонумона,
Ҷўи Хонум.
Ман дар ин шаҳре, ки дорад Ин қадар гармову гармоб, Мисли ту кам дидаам, кам Хонуми дилҷўю дилёб, Ошиқонат бо давидан
Кай туро созанд дарёб,
Ҷўи Хонум?
Мекушоям оғушамро
Ҳамчуноне сўи хонум
Сўи ту, эй Ҷўи Хонум,
Мавҷҳоят бар рухи ман
Мезанад чун мўи хонум,
Ин қадар дорӣ ту, эй ҷў, Ҷилваи дилҷўи хонум!
Хонуми тар – Ҷўи Хонум,
Хонуми зар - Ҷўи Хонум,
Ваҳ, чи дилбар - Ҷўи Хонум!
Ҳамчу як пуртоб хонум
Медиҳӣ дар хеш тобам,
Ҳамчу як ноёб хонум
Мекунӣ дар хеш обам,
Дар канори беканорат
Мекунӣ бо ноз хобам,
Ҷўи Хонум…
Будаам озоду сода
Бо басо озода хонум,
13 Ҷўест дар шаҳри Қўрғонтеппа Кам надида ин мани кам Дилбару дилдода хонум,
Пеши ту лек аз чи ин дам Ман худамро мекунам гум, Ҷўи Хонум?
Меравам ман аз канорат,
Бо ту мемонад дили ман,
Эй ҳамобу ҳамгили ман,
Хонуми дарёдили ман -
Ҷўи Хонум.
Дар нигоҳи обии ту
Мон бимонад ёдгорам
Қад-қади сатри равонат
Як-ду сатри обдорам:
“Огаҳи ҷони ҷавонум,
Эй равони ҳамравонум,
Ай ту ҷисмум,
Ай ту ҷонум,
Ҷўи Хонум,
Ҷўи Хонум,
Ҷўи Хонум!”
Санги дил
Ҳамчунон аз кўчаи шаҳр
Аз хаёли ман гузаштӣ,
Ҳамчу он рўзи муборак
Тозаву рўшан гузаштӣ.
Кардӣ, эй дилҷў, нигоҳе
Бар ниҳоли қисмати ман,
Баргҳояш аз пайат рехт
Ҳамчу ашки ҳасрати ман.
То аз он лаб тар накардӣ, Дилбари бообрўям,
Хушк шуд дар нимаи раҳ
Оби ҷўи ҷустуҷўям.
Сабзаи уммедҳоям
Дар раҳат буд пойандоз,
Баски сангиндил гузаштӣ, Сангфарш омад раҳат боз.
Дар гузаргоҳи раҳат буд
Кохи ишқам қад кашида,
Кардиаш бо хок яксон,
Кохи ишқамро надида.
Аз алам охир дили ман
Санг шуд дар рўи роҳат,
Пеши по кардиву рафтӣ,
Тофт санге дар нигоҳат…
Духтари фасли баҳорон
Духтари фасли баҳорон будӣ, “Чамани гул”
*
14 ба сарат механдид.
Кокулонат ба қадат овезон,
Обшоре ба қадат мехамбид.
Обшоре зи чаман меомад,
Обшор аз “Чамани гул” мерехт, Балки аз ҳасрати ман меомад, Мў ба мў аз бадани гул мерехт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё