Зеҳн
Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 235 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Сабзаву гул ба раҳат буд нисор, Будӣ истода бари сабзаву гул, Мерасид аз ҳавасу фахру ғурур То ба афлок сари сабзаву гул.
Дар дами бод ҳамехўрд алвонҷ Хира бар тарҳи тане пираҳане, Пеши чашмони тари ман мерехт Обшор аз чамане бар чамане…
Номаҳои ошиқӣ
Номаҳо, эй номаҳои ошиқӣ, Ёдгории ҷавонии манед, Бо ҳама сатри ғаму шодии хеш Номаҳои зиндагонии манед.
Ҳар гаҳе сўзи дилам боло гирифт, Ман шуморо бегунаҳ сўзондаам.
Аз ду чашмам гаҳ шуморо ҳарф-ҳарф Ҳамраҳи ашки алам афшондаам.
Ман шуморо кардаам такрорҳо, Посухи садҳо саволам будаед, Бо шумо парвозҳое кардаам, Ҳар кадоме шоҳболам будаед.
Ҳар гаҳе аз абрҳои осмон
14 тоқии духтарон.
Дона-дона резаборон мечакад, Абр метобед пеши дидаам, Гўӣ, ашки ҳарфҳотон мечакад…
Бешумора гарчи фандам кардаед, Аз бароям беҳтарин илму фанед, Номаҳо, эй номаҳои ошиқӣ, Пора-пора зиндагонии манед.
Ку дигар ўе, ки бо ранги рухаш Рангҳо бахшид дунёи маро, Ман зи ҷон бахшидаам неку бадаш, Кош бахшад неку бадҳои маро.
Рафта ўву монда пинҳон баҳри ман Сарнавишти он худои ошиқӣ, Мефиристам абри оҳамро ба ў Ман ба ҷои номаҳои ошиқӣ.
Абри оҳи ман расад бар даргаҳаш, Абри оҳам бар сараш борон шавад, Номаҳои ишқиаш ояд ба ёд, Худ ба худ ў ҳам чу ман гирён шавад…
Номаҳо, эй номаҳои ошиқӣ, Ёдгории ҷавонии манед, Бо ҳама сатри ғаму шодии хеш Номаҳои зиндагонии манед.
Ҳамчунон пулдори ғофил, к-аз алам Мезанад оташ ба пулҳои куҳан, Номаҳо, эй номаҳо, мехостам Сўхтан гоҳе шуморо низ ман.
Гаштаву баргашта мегирам ба даст Ман шуморо чун пасандози дилам, Аз миёни сатрҳотон то ҳанўз Мерасад бар гўш овози дилам…
Мекунад пулҳои худро таҳ ба таҳ Марди дунёҷў ба дунё эҳтиёт, Мекунам, эй номаҳои ошиқӣ, Ман шуморо, ман шуморо эҳтиёт!


Ҳамчунон мўи дар оташ печам, Ҳар гаҳе омаданатро бинам.
Ваҳ, чи хоҳам, ки шавам хоки раҳат - Пой бар раҳ заданатро бинам.
Бахт аз дур садоям бикунад, Ҳар гаҳ аз дур садоят шунавам.
Пеши поям бифитад дарду ғамам, Ҳар гаҳе шарфаи поят шунавам.
Шарфаи пои ту бошад, ки зи дур Сўи пушти дари ман меояд, Ё ки ин чак-чаки ашк аст, ки боз Аз ду чашми тари ман меояд?
Пушти нохун назанӣ бар дари ман, Бар дили ғамзада нохун бизанӣ, Бизанӣ бар дили ман боз оташ, Бахудо, ҳеҷ надонам, чи занӣ!
Қисматам бо ғами ту қисмат шуд, Ман аз ин қисмати худ меболам, Ҳама аз бахти накў хуш бошад, Ман зи бахти бади худ хушҳолам!
Ҳар гаҳе омаданатро бинам, Ҳамчунон мўи дар оташ печам, Бидароӣ зи дарам, ман – дунё, Надароӣ зи дарам, ман ҳечам…
Ман хостам аз Худо туро Як умр ба ҷуз туро наҷустам, бахудо, Аз ишқ ба ҷуз вафо наҷустам, бахудо, Бо ту буданам фасонае беш набуд, Аз зиндагиам фасона ҷустам, бахудо!
Эй аз дили ман ҷудо, Худо ёрат бод!
Эй дар дили ман худо, Худо ёрат бод!
Эй бахти зи ман рафта, ба ман кош расӣ, Эй ҷони зи тан рафта, ба тан кош расӣ, Як умр дуот мекунам аз дилу ҷон:
Бо ман нарасӣ, ба хештан кош расӣ!
Эй аз дили ман ҷудо, Худо ёрат бод!
Эй дар дили ман худо, Худо ёрат бод!
Як қисмати пурнуру сафоят бидиҳад, Дар сина дили дилошноят бидиҳад, Ман хостам аз Худо туро, лек надод, Ҳар чиз, ки хоҳӣ ту, Худоят бидиҳад!
Эй аз дили ман ҷудо, Худо ёрат бод!

пешина
аз 235
навбатӣ