Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Эй дар дили ман Худо, Худо ёрат бод!
Пойиз буду дар ду дил аммо баҳор буд,
Ҳар гул, ки буд ҷуз гули он рўй, хор буд.
Ду чашм буд сўи яке ёру чун расид,
Сад ҷону дил ба роҳи нигоре нисор буд.
Будем рўбарў ману ёру миёни мо
Чизе набуд, ишқи ману ишқи ёр буд.
Мо ҳамнафас шудему нафас дар миён намонд,
Ҳар бўсае ба ҷои нафас дар шумор буд.
Бегона гашта буд дил аз ақли хештан,
Бегонаро ба кори ду ҳамдил чи кор буд?
Ёр аз канори рўд ҳамерафту мавҷро
Бўсидани қадамгаҳи ёр ифтихор буд.
Дар даҳри беканор чи хуш буд он канор,
Бешак хушии даҳр маро дар канор буд!
Дил бехато бисоти ҷавонӣ ҳамешумурд –
Ҳамдил якеву орзуи дил ҳазор буд…
Ҳар гаҳ ки бе ёди туям, сард асту холӣ хонаам,
Ҳар гаҳ ки бе ёди туям, бешамъ як парвонаам.
Ҳар гаҳ ки бе ёди туям, кай кони нуранд ахтарон,
Ҳар гаҳ ки бе ёди туям, чашмони кўранд ахтарон!
Ман кафтари белонаам, ҳар гаҳ ки бе ёди туям,
Як ҷони беҷононаам, ҳар гаҳ ки бе ёди туям.
Ҳар гаҳ ки бе ёди туям, дар ёди худ ҳам нестам.
Ҳар гаҳ ки бе ёди туям, кай ман зи аҳли зистам?!
Дар ин ҳавои пурғубор ишқат ҳавои тоза аст,
Бар дардҳои тозаам ишқат давои тоза аст.
Аз чашми ту дорад шароб ҷому сабўи зиндагӣ,
Ишқи ту дилро мекашад аз чор сўи зиндагӣ.
Эй шуълаи уммеди ман, сўзи диламро тоза кун,
Ҳар дам маро овоз деҳ, ишқи маро овоза кун.
Бе ҷазби ишқи поки ту чун бошам аз аҳли замин?
Бе ҷазби ишқи поки ту аз пой меафтам яқин!
Панҷ чорпора
Аз ишқи ту қиссаи дигар хоҳам кард,
Худро зи ҷаҳони худ бадар хоҳам кард,
Умри дигарам диҳанд дар он дунё,
Умри дигар аз ишқи ту сар хоҳам кард.
Ин умр, ки бо ту шаҳди пайваст диҳад,
Бе ту алами моҳии даршаст диҳад,
Чун зиндагии ману ту дар дасти ту аст,
Ту даст бидеҳ, ки зиндагӣ даст диҳад.
Ҳоло, ки зи сар нарафтаам, о ба сарам,
Ҳоло, ки баре зи умр ҳаст, о ба барам,
Эй войи даме, ки дар фироқи рўят
Ман чашм бипўшам, бикушоӣ ту дарам.
Ин боғи дилу ту ғунчаи нашкуфта,
Ин кони дилу ту гавҳари носуфта,
Хоҳам ба каф орамат, валекин чун сел
Дар раҳгузари нигоҳ ашкам хуфта.
Чун шири дамида буд пешобағалаш,
Огоҳ набуд хирси даҳр аз асалаш.
Гар қисмати ман набошад ў, эй қисмат,
Хоҳам надиҳӣ ту ҳеҷ гоҳе халалаш!
Хумор
Дили ман – танҳое,
Ишқи ту – дунёе,
Дили танҳо чи кунад,
Бо ҳама дунё чи кунад?
Дили ман – қатраяке,
Ишқи ту – дарёе,
Дили танҳо чи кунад,
Бо ҳама дарё чи кунад?
Дили ман – зарраяке,
Ишқи ту – паҳное,
Дили танҳо чи кунад,
Бо ҳама паҳно чи кунад?
Ту, ки паҳнои манӣ,
Бе ту ман тангдилам,
Бе ту саршор шавад
Олам аз оҳу алам.
Дар лаби сад дарё
Бе ту ман ташналабам,
Бе дили дарёят
Ҳама дар тобу табам.
Бе ту ман танҳоям,
Бо ҳама дунё танҳо,
Бо ту ман дунёям,
Бе ҳама дунё дунё!
Гулчин
Ту ҳамчун шохи сабзе руста бо ман,
Ту чун як ҷузви ман пайваста бо ман,
Манам хори туву шодам, ки умре
Туӣ дар умр, эй гулдаста, бо ман.
Гули боғи туро бо ту бичинам,
Гули доғи туро ҳаргиз набинам!
Чу гул биншаста бошӣ дар лаби ҷў,
Биёям рўбарўят, эй парирў,
Туро чун хор биншинам ба паҳлў,
Ту гулро бў куниву ман туро бў.
Гули боғи туро бо ту бичинам,
Гули доғи туро ҳаргиз набинам!
Чи бошад миннати гулдонам, эй гул,
Диламро рў ба рўят монам, эй гул,
Ба гулдони дилам яъне ба уммед
Гули ишқи туро биншонам, эй гул.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё