Мантиқ

Натиҷагирии мунфасилаи қатъӣ ду намуд дорад. Намуди якуми натиҷагирии мазкур натиҷагирии мунфасили қатъии тасдиқии инкорӣ ном дорад. (modus роnendo tollens).
Масалан:
Мамлакате, ки аз тобеи давлати империалистӣ озод мешавад, ё бо роҳи капиталистӣ, ё бо роҳи ғайрикапиталистӣ тараққӣ мекунад.
Ин мамлакат роҳи капиталистиро пеш гирифтааст.
Ин мамлакат роҳи ғайрикапиталистиро пеш нагирифтааст.
Шакли мантиқии ин натиҷагирӣ чунин аст:
р vq, р, ё ((рvq) р) → ┐q; ┐q Дар ин ҷо дизъюнксия дар маънои қатъияш кор фармуда шудааст, яъне р ва q якдигарро истисно мекунанд. Дурустии ин натиҷагириро бо ёрии ҷадвали сементикӣ месанҷем:
р q ┐q рvq (рvq) р (( р vq) р) → ┐q
ҳ ҳ д д д ҳ
ҳ д ҳ ҳ ҳ ҳ
д ҳ д ҳ д ҳ
д д ҳ д д ҳ
Пас, ин натиҷагирӣ дуруст будааст. Барои доимо ҳақ будани натиҷаи чунин натиҷагирӣ муқаддимаи мунфасила бояд ҳукми дизъюнксияи истисноӣ, яъне дизъюнксияи қатъӣ бошад. Агар, ин шарт риоя нагардад, пас на ҳамеша натиҷаи ҳақ бармеояд.
Барои мисол, натиҷагирии зеринро аз назар мегузаронем:
Ин ҷиноятро ё шахси А ё шахси В содир кардааст.
Ин ҷиноятро шахси А содир кардааст.
Ин ҷиноятро шахси В содир накардааст.
Дар ин ҷо, натиҷа «Ин ҷиноятро шахси В содир накардааст» аз муқаддимаи мавҷуда ҳатман барнамеояд, зеро мумкин аст, ки шахси В низ иштирокчии ҷинояти мазкур бошад.
Барои исботи нодурустии натиҷагирии додашуда шакли мантиқии онро ошкор намуда, баъд онро бо ёрии ҷадвали семантикӣ месанҷем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё