Зеҳн
Мантиқ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 262 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

Натиҷагирии шартию мунфасил. Натиҷагирие, ки дар он, яке аз муқаддимаҳо ҳукми шартӣ буда, муқаддимаи дигар – мунфасила (дизъюнктивӣ) аст, натиҷагирии шартию мунфасила номида мешавад.
Дар ин ҷо муқаддимаи мунфасила метавонад дорои ду, се ва зиёд
1 алтернативаҳо бошад. Аз ин рў натиҷагириҳои шартию мунфасила ба диллемаҳо (ду алтернатива), трилеммаҳо (се алтернатива) ва ҳоказо ҷудо мешаванд.
Диллемаҳо ду хел мешаванд:
а) дилеммаҳои конструктивӣ (барпокунанда).
б) дилеммаҳои деструктивӣ (вайронкунанда).
Дилеммаҳои барпокунанда ва вайронкунанда, дар навбати худ, боз ба навъҳо ҷудо мешаванд, ки онҳо сода ва мураккаб мебошанд.
Дилеммаи барпокунандаи сода. Дар ин навъи дилемма муқаддимаи шартӣ дорои ду асос буда, аз онҳо танҳо як натиҷа бармеояд.
Муқаддимаи мунфасила имконпазирии ҳар ду асос ва хулоса бошад, натиҷаро тасдиқ менамояд. Муҳокимаронӣ аз тасдиқи асос ба тасдиқи натиҷа оғоз мегардад. Формулаи дилеммаи барпокунандаи сода чунин мебошад:
Агар р бошад, пас r аст;
Агар q бошад, пас r аст; р ё q мебошад ё (р→r) (q→r), р v q r аст r Масалан: «Агар айбдоршаванда дар ҳабси ғайриқонунӣ гунаҳкор бошад, он гоҳ вай мувофиқи М. 191 ҚҶ Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад ва агар вай дар ғайриқонунӣ дастгир намудан гунаҳкор бошад, он гоҳ вай мувофиқи моддаи мазкур ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад.
Айбдоршаванда ё дар ҳабси ғайриқонунӣ гунаҳкор аст, ё дар бо таври ғайриқонунӣ дастгир намудан гунаҳкор аст.
Айбдоршаванда бояд мувофиқи М.191 ҚҶ Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шавад.
Дилеммаи барпокунандаи мураккаб. Дар ин навъи дилемма муқаддимаи шартӣ дорои ду асос ва ду натиҷа мебошад. Муқаддимаи мунфасила ҳар ду асоси имконпазирро ва хулоса бошад – ҳар ду натиҷаи имконпазирро тасдиқ менамояд формулаи диллеммаи мазкур чунин аст:
Агар р бошад, он гоҳ q аст.
Агар r бошад, он гоҳ s аст.
р ё r мебошад__________ ё (р →q) (r →s), рvr q ё s аст. qvs

альтернатива – аз ду ва ё якчанд ҳолатҳои имконпазир якеашро интихоб намудан.

пешина
аз 262
навбатӣ