Зеҳн
Мантиқ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 262 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

р vq, р, ё ((рvq) р) → ┐q;
┐q

р q ┐q рvq (рvq) р (( р vq)р) → ┐q
ҳ ҳ д ҳ ҳ д
ҳ д ҳ ҳ ҳ ҳ
д ҳ д ҳ д ҳ
д д ҳ д д ҳ

Аз ҷадвал маълум аст, ки натиҷагирӣ нодуруст мебошад.
Намуди дуюми натиҷагирии мунфасила қатъӣ инкории тасдиқӣ мебошад (modus tollendo ponens).
Масалан:
Мамлакате, ки аз тобеи давлати империалистӣ озод мешавад, ё бо роҳи капиталистӣ, ё бо роҳи ғайрикапиталистӣ тараққӣ мекунад.
Ин мамлакат роҳи тараққии капиталистиро пеш нагирифтааст.
Ин мамлакат роҳи ғайрикапиталистии тараққиётро пеш гирифтааст.
Шакли мантиқии ин натиҷагирӣ чунин аст:

р vq, ┐р, ё ки ((рvq) ┐р) → q;
q

Барои ҳамеша ҳақ будани натиҷаи натиҷагирии мунфасилаи инкории тасдиқӣ дар муқаддимаи мунфасила бояд ҳама ҳолатҳои имконпазир пешбинӣ шаванд. Масалан, натиҷагирии зеринро дуруст шуморидан мумкин нест.
Шартнома дутарафа ё бисёртарафааст.
Ин шартнома дутарафа нест.
Ин шартнома бисёртарафааст.

Сабаби ин дар он аст, ки натиҷа метавонад дурўғ бошад, зеро дар муқаддимаи мунфасила ҳамаи ҳолатҳои имконпазир пешбинӣ нагардидаанд, яъне ғайри шартномаҳои дутарафаю бисёртарафа боз шартномаҳо яктарафа мешаванд. Барои иҷрои шартномаҳои яктарафа изҳори хоҳиши як шахс кифоя аст. Масалан, супоридани ваколатнома, навиштани васиятнома, даст кашидан аз мерос ва ғайра.

пешина
аз 262
навбатӣ