Зеҳн
Мантиқ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 262 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

Пай бурдан душвор нест, ки дар ин ҷо натиҷа «Тоҷикистон конститутсияи худро дорад» баён наёфтааст.
Хулоса, замир се навъ аст:

  1. Замире, ки дар он муқаддимаи кубро партофта шудааст; 2. Замире, ки дар он муқаддимаи суғро партофта шудааст; 3. Замире, ки дар он натиҷа партофта шудааст.
    Дар амалия ҳангоми муҳокимаҳо хатоиҳо аксаран маҳз дар натиҷаи истифодаи нодурусти қиёсҳои мухтасар ба амал меоянд, аз ин рў, ба дараҷаи қиёси пурра овардани онҳо муҳим аст. Барои муқаррар намудани дурустӣ ё нодурустии ин ё он замир бояд ошкор намуд, ки дар вай қоидаҳои умумии қиёс ва қоидаи шаклҳо риоя шудаанд ё не? Бо ин мақсад лозим меояд, ки аз рўи замири додашуда қиёси пурра тартиб диҳем. Сипас шакли онро муайян намоем.
    Барои мисол замири зеринро тадқиқ менамоем: «Ин шахс гунаҳкор аст, зеро вай ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст». Яке аз усулҳои то ба дараҷаи қиёси пурра овардани замир чунин аст: аввал натиҷаро ёфта, онро дар зери хатти уфуқӣ менависанд. Одатан, натиҷа қабл аз калимаҳои «зеро», «барои он ки», «чунон ки», «аз он ҷиҳат» ва дигар калимаҳои ба онҳо монанд ё пас аз калимаҳои «бинобар ин», «барои ҳамин», «аз ин ҷиҳат», «пас» ва дигар калимаҳои ба онҳо мувофиқ меояд. Дар мисоли мазкур натиҷа ҳукми «Ин шахс гунаҳкор мебошад». Сипас ҳадди асғар (истилоҳи хурд)» ва акбарро (калон) аз натиҷа муайян мекунем. Ҳадди асғар (S) – «ин шахс» ва ҳадди акбар (Р) – «гунаҳкор» аст. Ҳукми «Вай (ин шахс) ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шудааст» муқаддимаи суғрост, зеро ҳадди асғарро фаро гирифтааст.
    Ҳадди авсат (истилоҳи миёна) мафҳуми «ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидан» аст ва бо ҳадди асғар ба муқаддимаи суғро дохил шудаанд. Маълум гардид, ки муқаддимаи кубро аз ҳадди акбар ва авсат иборат аст. Бинобар ин, муқаддимаи кубро чунин аст: «Ҳамаи гунаҳкорон ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешаванд». Сипас, қиёси пурра намуди зеринро мегирад:

Ҳама гунаҳгорон (Р) ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешаванд (М).
Ин шахс (S) ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шудааст (М).
Ин шахс (S) гунаҳгор аст (Р).

Шакли мантиқии қиёси мазкурро муайян менамоем:

Ҳамаи Р – М аст
S - М аст
S - Р аст.

пешина
аз 262
навбатӣ