Мантиқ

Маълум шуд, ки замири додашуда аз рўи шакли дуюми қиёс будааст ва дар он қоидаҳои умумии қиёс ва қоидаи шакли дуюм риоя нашудаанд, аз ин рў, замир нодуруст аст.
Ҳарчанд дар ин қиёс қоидаҳои умумӣ ва қоидапҳои шакл риоя шудаанд, лекин аз сабаби дурўғ будани муқаддимаи кубро натиҷа метавонад дурўғ бошад.
Дар шакли қиёси мухтасар (замир) на танҳо қиёсҳои қатъӣ, балки шартӣ ва қатъии мунфасила низ истифода мешаванд. Масалан, муҳокимаи «Дар ҷамоаи ибтидоӣ давлати шоҳӣ ва олигархӣ набуд, аз ин рў, дар он давлати демократӣ мавҷуд буд», хато аст. Дар ҳақиқат муҳокимаи мазкурро дар шакли қиёси пурраи мунфасилаи қатъӣ ба тариқи зер навиштан мумкин аст:
Дар ҷамъият давлати шоҳӣ ё олигархӣ, ё демократӣ вуҷуд дошта метавонад.
Дар ҷамоаи ибтидоӣ давлати шоҳӣ ва олигархӣ набуд.
Дар ҷамоаи ибтидоӣ давлати демократӣ вуҷуд дошт.
Шакли мантиқии ин қиёс чунин аст:
p v q v r; ℸрℸq r Дар ин чо қиёс шаклан дуруст аст, лекин натича дурöғ мебошад, зеро ҳангоми тақсими мафҳуми «сомеаи инсон,» аз рўи аломати давлатдорӣ ба хатогӣ роҳ дода шудаст. Яъне қоидаи мутаносибии тақсим риоя нагардидааст. Аз ин рў, қоидаи зеринро риоя намудан лозим аст: дар муқаддимаи мунфасила, бояд ҳама ҳолатҳои имконпазир пешбинӣ шавад.
Қиёси шартию қатъиеро, ки дар он муқаддимаи кубро партофта шудааст, дида мебароем: «парвандаи ҷиноӣ бояд кушода нашавад, зеро дар ин амал ҳолати ҷиноят мушоҳида намешавад».
Дар ин ҷо, муқаддимаи кубро, ҳукми шартии «Агар ҳолати ҷиноят мушоҳида нашавад, парвандаи ҷиноӣ бояд кушода нашавад», партофта шудааст. Дар муқаддимаи мазкур амри маъмули кодекси ҷиноию протсессуалӣ инъикос ефтааст.
Қиёси мунфасилаи қатъӣ, ки дар он муқаддимаи калон (кубро) партофта шудааст: «Нисбат ба ин амал ҳукми сафедкун, баровардан мумкин нест, вай бояд ҳукми айбдоркунанда бошад». Дар ин ҷо мукаддимаи кубро (ҳукми мунфасила) – «Нисбат ба амал ё хукми сафедкунӣ ё ҳукми айбдоркунӣ бароварда мешавад» – баён нашудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё