Мантиқ

Қиёси мунфасилаи қатъӣ, ки дар он натиҷа баён нашудааст: «Марг ё дар натиҷаи қатл кардан ё худкушӣ, ё дар натиҷаи фалокат, ё бо аҷали худ рўй додаст. Марг дар натиҷаи фалокат рöй дода аст». Дар ин ҷо натиҷа, ки дар он ҳамаи ҳолатҳои бокимонда инкор мешавад, баён нашудааст, зеро ҷавоби матлубро аз муқаддимаи суғро пайдо кардан мумкин аст. Сабаби дар амалияи муҳокимаҳо маъмул гардидани замир дар он аст, ки ҳамеша ба таври шифоҳӣ ё хаттӣ баён намудани ин ё он муқаддима ва натиҷа тарзи муҳокимаҳоро мурракаб мегардонад. Бинобар ин, барои кўтоҳ ва оммафаҳм гардидани муҳокимаҳо, муқаддимаҳо ё натиҷа ошкор баён намешаванд, зеро фаҳмидани маълумот дар муқаддимаҳо ва натиҷаи партофташуда душвор нест. Лекин, бисёр мавридҳо маҳз дар натиҷаи замир хатогиҳо ба амал меоянд ва ошкор намудани онҳо назар ба хатогиҳое, ки дар қиёсҳои мукамал ба амал меоянд, душвортар аст. Бинобар ин, барои ошкор ва бартараф намудани хатогиҳо замирро ба дараҷаи қиёсҳои пурра овардан зарур аст.
Қиёси мураккаб ва мураккаби мухтасар. Аксаран ҳангоми муҳокимаҳо қиёсҳое истифода мешаванд, ки аз якчанд қиёси сода таркиб ёфтаанд. Дар ин гуна қиёс натиҷаи қиёси аввала муқаддимаи қиёси дуввум ва натиҷаи қиёси дуввум муқаддимаи қиёси саввум мешавад ва ҳоказо. Дар натиҷа силсилаи қиёсҳо мураттаб шуда, натиҷаи қиёси қаблан зикршуда муқаддимаи қиёси баъдина мегардад. Дар чунин силсила қиёси пешояндро просиллогизм ва қиёси пасояндро эписиллогизм меноманд.
Силсилаи қиёсҳои сода, ки дар он натиҷаи қиёси қаблӣ муқаддимаи қиёси баъдина аст, қиёси мураккаб ё полисиллогизм номида мешавад.
Қиёси мурракаб ду навъ мебошад:
-
Қиёси мураккаби пешраванда (прогрессивӣ); 2. Қиёси мураккаби таназзулӣ (регрессивӣ).
Дар қиёси мураккаби пешраванда натиҷаи қиёси қаблӣ мукаддимаи куброи қиёси баъдина мешавад.
Масалан: -
Кирдори барои ҷамъият хатарнок(М) сазовори ҷазо (Р) аст.
Ҷиноят (S) – кирдори барои чамъият хатарнок (М) аст.
Ҷиноят (S) – сазовори ҷазо (P) аст. -
Ҷиноят (S) – сазовори ҷазо (P) аст.
Ришвахўрӣ (К) – ҷиноят (S) аст.
Ришвахўрӣ (К) – сазовори ҷазо аст(Р).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё