Зеҳн
Мантиқ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 262 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

Схемаи қиёси прогрессивӣ чунин аст:

қиёси қаблӣ (просиллогизм) қиёси баъдина (эписиллогизм)

M -- P S P

S M K -- S

S -- P K -- P

Дар қиёси мураккаби таназзул, (регрессивӣ) натиҷаи қиёси қаблӣ муқаддимаи хурди қиёси баъдина мешавад.
Масалан:

  1. Ҳамаи халқҳои сулхпарвар (М) барои паст шудани шиддати байналхалқӣ мубориза мебаранд (Р).
    Халқҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ (S) сулҳпарваранд (М).
    Халқҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ (S) барои паст шудани шиддати байналхалқӣ мубориза мебаранд (Р).

  2. Касоне, ки барои паст шудани шиддати байналхалқӣ мубориза мебаранд (Р) барои пойдор шудани сулҳ ва бехатарии миллатҳо саҳми арзанда мегузоранд (К).
    Халқҳои кишварҳои Осиеи Марказӣ (S) барои паст шудани шиддати байналхалқӣ мубориза мебаранд (Р. ).
    Халқҳои кишварҳои Осиеи Марказӣ (S) барои пойдор шудани сулҳ ва бехатарии миллатҳо саҳми арзанда мегузоранд (К)

қиёси қаблӣ (просиллогизм) қиёси баъдина (эписиллогизм)
M P P - K
S M S P
S - P S - К

Ҳангоми таҳқиқи қиёси мураккаб онҳоро ба қиёси сода ҷудо карда тавонистан мувофиқи мақсад аст. Мисолҳои боло, аз ду қиёси содаи қатъӣ таълиф шудаанд, ки ҳар яке аз рўи намуди (модуси) ААА шакли аввал аст.
Қиёси мураккабро дар натиҷаи таълифи якчанд қиёси сода низ ҳосил кардан мумкин аст ва дар он қиёси сода метавонад шаклҳои гуногун дошта бошад.
Қиёси шартии соф низ мураккаб буданаш мумкин аст.
Схемаи он чунин аст:
Агар p бошад, пас q аст
Агар q бошад, пас r аст Агар r бошад, пас s аст …………………………

пешина
аз 262
навбатӣ