Зеҳн
Мантиқ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 262 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

=>(p→ q) (q→r ) (r→ s)…(k→l) p→ l Агар k бошад, пас l аст.
Агар p бошад, пас l аст.

Аксаран дар муҳокима баъзе аз муқаддимаҳо ё натиҷаи мобайнии қиёси мураккаб баён намешавад.
Қиёси мураккабе, ки дар он яке аз муқаддимаҳо ё натиҷаҳои мобайнӣ баён намешаванду танҳо фикран мавҷуданд, сорит (тудаи муқаддимаҳо) ном дорад.

  1. Қиёси мураккаби пешраванда (прогрессивӣ), ки дар онҳо муқаддимаҳои куброи қиёси баъдина партофта шудаанд.
    Масалан:

Кирдори барои ҷамъият хатарнок (М) сазовори ҷазо аст (Р).
Ҷиноят (К) – кирдори барои ҷамъият хатарнок (М) аст.
Ришвахўрӣ (S) – ҷиноят (К) аст.
Ришвахўрӣ (S) сазовори ҷазост (Р).

  1. Қиёси мураккаби таназзул, (регрессив,), ки дар он мукаддимаи хурд баён нашудааст.
    Масалан:

Ҳаннотӣ (S) – ҷинояти хоҷагӣ аст (М).
Ҷинояти хоҷагӣ (М) кирдори барои ҷамъият хатарнок (К) аст.
Кирдори барои ҷамъият хатарнок (К) сазовори ҷазо аст (Р).
Ҳаннотӣ (S) сазовори ҷазо мебошад (Р).

Яке аз навъҳои qиёсоти мураккаби мухтасарро эпихейрема меноманд.
Эпихейрема, қиёси мураккаби мухтасарест, ки ҳар ду муқаддимаҳои онро замир ташкил медиҳад.
Масалан:
1.Қасдан паҳн намудани суханhои бардурöғ, ки шаъну шарафи шахси дигарро паст мезанад, сазовори ҷазо аст, зеро ин тöҳмат мебошад.
2.Кирдори айбдоршаванда кирдорест, ки дар он қасдан ба мақсади бадном намудани шахси дигар суханхои бардурўғ паҳн карда шудааст, зеро дар изҳороте, ки ў ба шахси Н. кардааст, амри воқеъиро қасдан таҳриф намудааст.

пешина
аз 262
навбатӣ