Зеҳн
Мантиқ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 262 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

3.Кирдори айбдоршаванда сазовори ҷазои ҷиноӣ мебошад.
Муқаддимаҳои эпихейремаро бо тафсил барқарор намуда, қиёси пурра ҳосил мекунем. Барои ин, аввал замири якумро то ба дараҷаи қиёси пурра овардан лозим аст:
Туҳмат (М) сазовори ҷазои ҷиноӣ (Р) аст.
Қасдан паҳн намудани суханҳои бардурöғ, ки шаъну шарафи шахси дигарро паст мезанад (S), тöҳмат (М) аст. .
Қасдан паҳн намудани суханҳои бардурўғ, ки шаъну шарафи шахси дигарро паст мезанад (S), сазовори ҷазои ҷиноӣ мебошад (Р).

Маълум шуд, ки муқаддимаи аввали эпихейремаро натиҷа ва муқаддимаи суғрои қиёс ташкил медиҳанд.
Акнун замири дуввумро барқарор менамоем.
Қасдан таҳриф намудани амри вокеъӣ, ки дар изҳороти ба шахси Н.
кардаи айбдоршаванда ҷой дорад (М), кирдорест, ки дар он дидаву дониста, ба мақсади бадном намудани шахси дигар суханҳои бардурöғ паҳн карда шудааст (Р).
Кирдори айбдоршаванда (S) кирдорест, ки дар он амри воқеъӣ дар изҳороти ба шахси Н. додашуда таҳриф шудааст (М). .
Кирдори айбдоршаванда (S) кирдорест, ки дар он қасдан ба мақсади бадном намудани шахси дигар суханхои бардурöғ паҳн карда шудааст (Р).
Муқаддимаи дуввуми эпихейремаро низ натиҷа ва муқаддимаи суғрои қиёс ташкил медиҳанд.
Натиҷаи эпихейрема аз натиҷаи қиёсҳои аввалӣ ва сонӣ бармеояд:
Қасдан паҳн намудани суханҳои бардуруғ, ки шахси дигарро бадном месозанд (М), сазовори ҷазои ҷиноӣ мебошад (Р).
Кирдори айбдоршаванда (S) кирдорест, ки дар он касдан ба мақсади бадном намудани шахси дигар суханҳои бардуруғ паҳн карда шудааст (М).
Кирдори айбдоршаванда (S) сазовори ҷазои ҷиноӣ мебошад (Р).
Ба қиёсҳои мураккаб ҷудо намудани эпихейремаҳо имкон медиҳад, ки дурустии муҳокима санҷида шавад, то ки дар онҳо ба хатогиҳои мантиқӣ роҳ дода нашавад.

пешина
аз 262
навбатӣ