Зеҳн
Мантиқ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 262 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

БОБИ VII. НАТИҶАГИРИИ ИНДУКТИВӢ (ИСТИҚРОЪ)

§ 1.Тавсифи умумии натиҷагирии индуктивӣ

Акнун натиҷагирӣ ё худ хулосабарориҳои индуктивиро дида мебароем. Номи “натиҷагирии индуктивӣ” аз калимаи лотинии “inductio” гирифта шудааст. Одатан, индуксия гуфта, мухокимаеро меноманд, ки дар он фикри инсон аз чизҳо ва донишҳои ҷузъӣ ба чизхо ва донишҳои куллӣ равон мешавад. Аз ин рў, дар натиҷагирии индуктивӣ аз муқаддимаи ҷузъӣ хулосаи умумӣ бароварда мешавад. Бо ибораи дигар, дар натиҷагирии индуктивӣ ҷараёни фикр аз донистани як дараҷаи умумият ба дониши нав – зинаи баландтари умумият, яъне аз ҷузъ ба кулл нигаронида шудааст. Масалан:
Дар ҷомеаи ғуломдорӣ, давлат дар дасти синфи истисморгар – ғуломдорон, аслиҳаи тазъики истисморшавандагон буданд.
Дар ҷомеаи феодалӣ давлат барои феодалон аслиҳаи тазъики оммаи деҳқонони истисморшаванда буд.
Дар ҷомеаи капиталистӣ давлати буржуазӣ аслиҳаи буржуазия мебошад, ки ба муқобили оммаи меҳнаткашон, пеш аз ҳама ба муқобили синфи коргар, нигаронда шудааст.
Пас, хулоса мешавад, ки давлат дар ҳар як ҷомеаи истисморӣ дар дасти синфи истисморгар аслиҳаи тазъики оммаи меҳнаткашон аст.
Ин қабил натиҷа бо ёрии индуксияи пурра ба миён омадааст. Натиҷаҳои индуксияи пурра дар сурате ҳақ шуда метавонанд, ки агар ҳамаи унсурҳои гуруҳи мазкур муоина шавад, ё ин ки нишонаи ба тамоми унсурҳои гурўҳ мансуб ба ҳар як унсури ин гурўҳ тааллуқ дошта бошад.

пешина
аз 262
навбатӣ