Мантиқ

Дар амалиёти ҳаррўза ва соҳаҳои гуногуни илм дар баробари индуксияи пурра индуксияи нопурра истифода мешавад, ки тавассути он зимни омўхтани баъзе унсурҳои гурўҳ, ҳамаи гурўҳ тавсиф мешавад. Масалан, асосгузарони марксизм иктисодиёти баъзе мамлакатхои капиталистиро таҳлил намуда, собит карданд, ки вай ногузир буҳронро ба вуҷуд меорад.
Онҳо, дар ин асос, хулосаи умумие бароварданд, ки иқтисодиёти ҳар як мамлакати капиталистӣ ногузир бўҳронро ба вуҷуд меорад.
Маълум аст, ки дар натиҷагирии дедуктивӣ аз муқаддимаи ҳақ ҳамеша натиҷаи ҳақ бармеояд. Лекин, дар натиҷагирии индуктивӣ, чунин ҳолат на ҳама вакт рўй медиҳад. Бинобар ин, донише, ки ба натиҷагирии индуктивӣ асос меебад, харакатери эҳтимолӣ дорад. Аз ҳамин сабаб натиҷагирии индуктивиро натиҷагирии эҳтимолӣ низ меноманд.
Ба хамин тариқ, натиҷагирие, ки хулосаи он аз муқаддимаҳо, мантиқан бо зарурати қатъӣ барнамеояд, натиҷагирии эҳтимолӣ ном дорад. Дар чунин натиҷагирӣ дурустии натиҷаи баровардашударо то андозае тавассути муқаддима собит кардан мумкин аст.
Масалан: Агар ҷисм гарм шавад, ҳаҷми он калон мешавад.
Ҳачми ин ҷисм калон щудааст.
Эҳтимол, ҷисм гарм шудааст.
Натиҷаи мисоли мазкур «ҷисм гарм шудааст» аз муқаддимаҳои мазкур бо зарурат барнамеояд. Барои ошкор намудани он бо ёрии ҷадвали ҳаққоният санҷидани формулаи (((p→q) q)→p) кифоя аст, зеро формулаи мазкур шакли рамзии (яъне шакли мантик, ) мисол мебошад.
Барои формулаи болоӣ ҷадвали ҳаққоният тартиб диҳед. Баъд маълум мешавад, ки барои қиматҳои имконпазири тағйирёбандаҳои гуфтори р ва q аломати асосии формула, яъне импликатсияи дуюм, на ҳама вақт ҳақ аст.
Одатан, дар ҷараёни маърифат индуксия ва дедуксия ҳамчун усулҳои бо ҳам пайваст кор фармуда мешаванд. Ин усулҳо якдигарро пур мекунанд.
Бо вуҷуди он, индуксия ва дедуксия аз ҳамдигар фарқ доранд.
Дар мантиқи муосир натиҷагирии дедуктивӣ ва индуктивиро ин тавр баён менамоянд: натиҷагирии дедуктивӣ гуфта чунин натиҷагириро меноманд, ки дар он донистани танҳо шакли мантиқии муқаддимаҳо кофист.
Дар натиҷагирии дедуктивии дуруст байни муқаддимаҳо (Г) ва натиҷа (В) ҳама вақт муносибати Г⊨В ҷой дошта метавонад. Ин чунин маъно дорад:
гуфтори В ҳангоми ҳақ будани Г, новобаста аз мазмуни мушаххаси Г ва В, доим ҳақ аст. Дар чунин маврид дуруст будани шакли мантиқии Г ва В, инчунин робитаи мантиқан дурусти онҳо ҳама вақт баровардани натиҷаи дурустро таъмин мегардонанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё